Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Ҳаракат намоед, ки ба худ аз канор нигоҳ карда тавонед. Агар роҳбаре, ки ин қоидаро пурра ва ҳама вақт иҷро карда тавонад, доимо ба зидди норасоиҳои худ мубориза бурда метавонад, яъне ҳар яке агар барои худ оина бошем, пас зарурати доимии дар оинаи дигарон дидани худ пайдо намешавад. Аз канор нигоҳ карда тавонистан Шуморо аз аксари хатоҳо ва нобарориҳо нигоҳ медорад.
-
Ба нафсу эҳсосоти хеш доимо ҳукмрон бошед. Роҳбариро бузургон саҳнаи театр низ мегӯянд, ки роҳбар дар он нақши асосӣ бозида, бояд қобилияти баланд дошта бошад. Дар ҳама ҳолати худро ба даст гирифта, қаҳру ғазаб, хурсандию пастию баландиро бояд ботамкин қабул ва паси сар намоед ва доимо ҳақиқатпараст ва ростқавлу нексиришт боқӣ монед.
-
Ба замона фаъолияти худро мувофиқ намоед. Аз ҳад зиёд пеш рафтан барои ҳокимиятдорӣ ва шахсиятатон хатарнок буда, доимо дар нишони шикорчиён қарор мегиред. Аз ҳама қафо будан низ бароитон хавфнок аст, чунки боз ба чашми роҳбарони болоӣ афтода, зери танқиду маломат қарор гирифта, боз ҳокимиятатон дар хатар мемонад. Бинобар ин, беҳтарин мавқеъ ин ҳамқадами замон ва каме пешсаф будан аст.
-
Худро ҳамчун сарчашмаи қаноатмандии зердастон ва атрофиён нишон диҳед. Ин қонуният хеле усули мақбули футуввати роҳбарӣ буда, аксари одамон онро мепарастанд, чунки футувват ин ҳидоят ба некию накӯкорӣ буда, дасти якдигар ва дармондаеро гирифтан аст. Ин қоидаро риоя карда, дар зинаи олии роҳбарӣ қарор гирифта, дигаронро ба худ наздик месозед. Пас, доимо қаноатманд будан аз дастовардҳо ва ба мардум некӣ пеша кардан ва ғами худро камтар аз дигарон хӯрдан, боиси эътибори роҳбариатон мегардад.
Хатоҳои асосие, ки дар вақти иҷрои мақсадҳо ва хоҳиши футувватмандӣ эҳтимоли содир шудан доранд.
- Қонуниятҳои дар боло гуфташударо ба ҷой наовардан.
Ривоят мекунанд, ки устоди Искандари Мақдунӣ файласуфи бузург Арасту буд ва лашкаркаши бузург ба ақидаҳои ин пири хирад пурра дода шуда, доимо ба ӯ бовар мекард ва гӯш медод. Искандар рӯзе аз устоди хеш хоҳиш менамояд, ки ҳамроҳи ӯ дар сафарҳо донишманде бояд бошад, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор