Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз ҳама донишмандию кордонии худро истифода намуда, ҳар як роҳбари тоҷик бояд дарк намояд, ки беҳтарин ва одилтарин шахсиятҳои маъруфи идораӣ дар ҳама давру замон авлоду аҷдодони мо тоҷикон буданд. Оиди ин фаъолияти хеле бузурги инсонӣ олимону донишмандони тоҷик асарҳои зиёде эҷод намудаанд, ки онҳо ба тамоми инсонияти рӯи замин ҳазорсолаҳо хизмат карда омада истодааст. Дар қисми 4-уми асари таълимию тарбиявии «Менеҷмент - Хиради роҳбарӣ» мо зарур донистем, ки аҳамияти бузурги таърихии роҳбарӣ доштани ин ганчинаи бебаҳои тоҷиконро аз давраи «Авасто»-и Зардушт то замони истиқлолияти имрӯзаи Тоҷикистон мухтасар гуфта гузарем.

Ба ақидаи мо омӯзиши таърихии афкори иқтисодию иҷтимоии сарварии халқи тоҷик бароимон боз сарчашмаҳои бузурги хиради инсонӣ ва мукаммалгардонии низоми роҳбариро дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон пайдо месозад ва моро ба он мақсадҳои некамон, ки барпо сохтани давлати ҳуқуқбунёди дунявии демократӣ мебошад, ноил мегардонад. Яъне мо имрӯз бояд огоҳ бошем, ки аҷдодон - гузаштагони мо тоҷикон чӣ гуна кору фаъолият доштанд, дар давраҳои муайяни таърихӣ кадом молу ашё истеҳсол менамуданд, сохтори идоравиашон чӣ гуна буд, ташкили роҳбарӣ чӣ тавр сурат мегирифт, роҳбарон кадом шахсиятҳо буданд, чӣ тарз маълумот ба даст меоварданд, доду гирифти байнидавлатӣ, тарзи фурӯши мол, андозу андозбандии чӣ гуна муайян карда шуда буд ва бо кадом роҳҳо амалӣ мегашт. Мақоми оила, қавму қабила, маҳал ва минтақа дар танзими роҳбарӣ ва системаи ҳукмронӣ то кадом андоза мушоҳида мегардид, ки онҳо номашонро дар таърихи инсоният бо хатҳои заррин ҳамчун миллати созандаву хирадманд, одилу адолатпараст, меҳнатдӯсту меҳмоннавоз сабт намудаанд.

Одобу хиради роҳбарӣ, ҳамкорию дастгирии якдигарӣ, тавлиду фурӯши мол, риояи амонату покизакорӣ ва маданияту рафтори хоси инсонӣ қарор гирифтани ҷараёни дониш дар роҳбарӣ, сифат ва сохтори истеҳсоли моли озуқавӣ, нигоҳдорӣ дар анборҳо, корвонсаройҳо, дӯконҳои фурӯши молҳо, риояи тозагии муҳити зист, назорати фаъолиятҳо ва пешгӯиҳои хирадмандона мавзӯъҳое мебошанд, ки қисми 4-уми китоби таълимию тарбиявии «Менеҷмент -Хиради роҳбарӣ»-ро пурра ташкил меноманд.

пешина
аз 566
навбатӣ