Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

43.1. Зинаҳои таърихии пайдоиши хирадмандӣ ва роҳбарӣ
дар тамаддуни Ориён

Шароити имрӯзаи инкишофи менеҷмент ва мураккабшавии роҳбарӣ моро водор месозад, ки дар фаҳмишу донишамон хиради ҳазорсолаҳои аҷдодию нажодиамонро истифода намуда, қуллаҳои баланди роҳбарӣ-хирадмандиро соҳиб гардем. Бинобар ин, дар ин қисмати китоб мо кӯшиш намудаем хиради роҳбарии миллати тоҷикон, ки асосгузорони рафтори роҳбарии классикии инсонӣ, аз аввали пайдоиши одамӣ то ин замон мебошанд, дар пайдарпайии таърихии давлатдорӣ ва саҳми бузургону хирадмандони тоҷик ба Шумо, хонандагони азиз, пешниҳод намоем.

Мо боварӣ дорем, ки ин ганҷинаи бебаҳо на фақат барои мо тоҷикон, балки барои тамоми оламиён хизмати беандоза менамояд, чунки дар хиради роҳбарӣ мо паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти одамонро дар соҳаҳои илму техника, иқтисод ва сиёсат, санъат ва адабиёт, рӯҳшиносию омӯзгорӣ, роҳбарӣ ва соҳибкорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, кӯшиш менамоем, ки аз доираи миллату маҳаллу минтақа берун бароем. Аз ин хотир, хонандаи мо на фақат барои ташаккули ақлонии худ мавод пайдо менамояд, балки боз метавонад нигоҳи худро ба зиндагӣ, кору фаъолият ва муносибат ба одамон, касби худ куллан тағйир дода, худро бишиносад ва хушбахтона кору фаъолият намояд.

Агар Шумо аллакай шахсияти шинохта бошед, он гоҳ метавонед зиндагиномаи хешро бо суханон ва рафтору хиради бузургони миллати тоҷик муқоиса намуда, хулосаи зарурӣ бароред ва панду андарзи эшонро дар оянда сармашқи кору фаъолияти худ созед.

Мақсади асосии мо пешниҳоди дастурамале мебошад, ки ғояи асосии он барқарор намудани адлу инсоф, ҷорӣ намудани тарзи оқилонаи роҳбарӣ, поквиҷдонию порсой, навовару эҷодкор будани роҳбарони зинаҳои гуногуни идоравӣ, инсондӯстию худшиносии роҳбарон, ростгуфторию росткавлии онҳо дар паи ободонии кишвари азизамон Тоҷикистон ва тинҷию осоиштагии раият шудани шахсони масъули идоравӣ мебошад.

пешина
аз 566
навбатӣ