Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кардаед. Аз дигар тараф, ин пайраҳаи нави қадаммониатон буда, бароитон хеле мушкил аст. Ба ин хотир ин роҳро бароитон хеле хубу ростгузар намоед, то оянда рафтуомади доимиро таъмин карда тавонед.

  1. Пайраҳаҳои навро тарҳе созед, ки аз пешина хеле дур бошад, то хоҳиши бозгашт ба онро пайдо накунед. Пайраҳаҳои пешинаро тамоман фаромӯш сохта, оиди беҳтаркунии роҳи нав фикру андеша намоед.

  2. Ба пайраҳаҳои наватон ҳар чӣ зиёдтар қадам гузоред, то бароитон одат гашта, роҳравиатон осон гардад. Пас, барои ба ин мақсад ноил гаштан нақшаи дурустеро тартиб диҳед, ки ақидаю фикрҳои нави эҷодиро дар бар гирифта Шуморо ба мақсадҳои олӣ зудтар расонад.

  3. Ба пайраҳаҳои кӯҳна назари каҷ карда, ба худ такрор ба такрор бигӯед, ки ман аз аввал бояд бо ин роҳ мерафтаам. Чунин шуҷоатмандию иродаи боқуввати ақлониро то ба охир нигоҳ доред, ба муваффақиятҳо ноил мегардед.

  4. Шумо ба худ ва роҳи интихобкардаатон бо дилу ҷон бовар кунед, ҳеҷ гоҳ натарсед ва ақиб нагардед. Дар ин роҳи нави шавқовар мақсади асосиро муайян намуда, дилпурона ба пеш ҳаракат намоед.

Масоили дигари интихоби роҳи нав ин муҳит буда, ба Шумо дар роҳпаймоии нав метавонанд кӯмак ва ё халал расонанд. Муҳит гуфта, фаъолияти корӣ ва одамони атроф, оила, дӯстону ёрӯ рафиқон, ҳайвоноте, ки ба худ ром кардаед, либосу асбоби мусиқие, ки дӯсташ медоред ва китобу воситаҳо, инчунин, донишу фаҳмише, ки доред, меноманд.

Барои дуруст баҳо додани рафтори роҳбарӣ мо бояд ба он муҳите таваҷҷӯҳ намоем, ки бевосита ба фаъолияти роҳбариамон таъсир ва барои ба мақсади асосӣ расиданатон кӯмак мерасонад. Аз дигар тараф, талаб карда мешавад, ки муҳитро бояд тарзе интихоб намуд, ки худро озод ва бо эътимод ҳис карда, аз он донишу хирад гиред.

Аслан асаби одам аз маводе, ки ӯ пешниҳод менамоем, баҳра гирифта, ба мо боз ҳамон хел маҳсул бармегардонад, яъне агар мо ба ӯ муҳити солим ва илму донишу хирад диҳем, ӯ ба мо чунин маҳсулро коркард карда, фикру ақидаҳои нав ва беҳтарро тӯҳфа менамояд.

пешина
аз 566
навбатӣ