Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тарафи дигар, маҳз шахсоне, ки ба нобарориҳои вазнинро паси сар кардаанд, бо гузашти айём ба комёбиҳое ноил гаштаанд, ки аз пешина садҳо маротиба баландтар аст. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ноомадно ин худ як шакли бурдбориҳо буда, барои ҳар як роҳбар дарси бузурги тарбия мебошад. Мо бояд аз ин дарси бузург омӯхта, хулоса бароварда, тарзу усули фаъолияти роҳбаририро дигар карда, кору фаъолият намоем.

Чӣ хеле, ки дар мавзӯи гузашта шарҳ дода будем, яке аз сабабҳои ба нобарориҳо гирифтор шудани роҳбар худи ӯ мебошад, чунки аз муваффақиятҳо сархуш шуда, онро дуруст истифода бурда наметавонад. Бинобар ин, агар мо ноомади муваққатиро дар фаъолиятамон, ҳамчун элементи ноӯҳдабароии роҳбарӣ қабул намоем, он гоҳ бо як қувваи ақлонии баланд аз бартараф кардани ин муаммои муваққатӣ мебароем.

Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аксари одамони бузург, ҳатто аз дунё мегузаранд ва танҳо баъди сари онҳо маълум мешавад, ки онҳо барои ноомади кор не, балки дар натиҷаи корнамоии бузургашон қурбон гаштаанд. Баъзе ақидаҳои динӣ низ мавҷуд мебошанд, ки «Вақте ки Худованд мехоҳад, ки мард ё зане ба мардум хизмати заруриро ба ҷо оварда тавонанд, онҳоро дар шакли санҷиш ба азобе гирифтор мекунад».

Агар Шумо босабру тоқат бошед, шояд дар муҳлати муайяншуда аз санҷиш гузашта тавонед ва ба муваффақиятҳо ноил гардед. Барои ин бояд ҳар як роҳбар дар худ усулҳои марказикунонии қувваро дошта, онро самаранок истифода карда тавонад. Дар он ҳолат ба ноомадиҳо ғалаба карда, аз роҳи асосии ба мақсадрасӣ намебароед. Чунин вазифаи муҳимро дар асоси ду қонуни рафтори инсонӣ амалӣ гардонидан мусоид аст:

  1. Қонуни худбоваркунӣ ва худмаҷбурсозӣ.
  2. Қонуни одаткунонии хеш ба каму беши зиндагӣ.

Оиди талабот ва бурду бохти ин қонунҳо мо дар мавзӯъҳои пешин бароятон гуфта гузаштем. Дар ин ҷо бошад, фақат диққатро ба роҳҳои дарёфти одати наве, ки Шуморо аз он ноомадҳо раҳоӣ медиҳад, равона месозем. Ин ҷараён бояд дар пайдарпайии зерин сурат гирад:

  1. Барои ба одати нав гузаштан тамоми қувваю дониши худро равона созед, то андозае, боварӣ ҳосил кунед, ки ба ин рафтор хоҳиш пайдо
пешина
аз 566
навбатӣ