Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бубинед, ки агар мо қобилиятро дастгирӣ накунем ва ташаккул надиҳем, он гоҳ он, ҳатто, зиндагии хуби як одамро ҳам таъмин карда наметавонад.
Бинобар ин, мо мехостем, ки аз нигоҳи менеҷменти муосири тоҷик ба зарурият ва дастгирии қобилиятҳо баҳо дода, манфиати чандинқаратаи онро таъкид намоем. Дар ин ҷо низ мо ба ақидаи пешинаи худ устувор буда, гуфтанием, ки инкишофи қобилияти зеҳнӣ пеш аз ҳама ба худи ҳар як шахс вобастагии калон дорад. Агар аз нигоҳи вақт бингарем, албатта, каме бояд андеша кард, чунки вобаста аз синну сол инсонҳо дар аксар маврид ба кӯмаку дастгирӣ мӯҳтоҷанд, яъне дар ҷавонии хомӣ ва пирии дармондагӣ.
Пас, бояд гуфт, ки пойдевори ташаккули қобилияти зеҳниро падару модар ва мураббӣ ба фарзанд мегузоранд. Бинобар ин, падару модар ҳатман вазифадори олӣ мебошанд, ки барои ташаккули зеҳнии кӯдак тамоми кӯшишу ғайрат ва маблағро сарф намоянд. Мо оид ба мақоми падару модар дар тарбияи сарвари оянда дар мавзӯи алоҳидаи ҳамин китоб пурра гуфта мегузарем. Дар ин ҷо таъкид бар он карданием, ки падару модари азиз пеш аз оне, ки фарзандро ба дунё меоред, як маротиба андеша намуда, ба тақдири ӯ аз нигоҳи роҳбарӣ баҳо диҳед. Оё Шумо имкони тарбияи фарзандро, ки беҳтарин тӯҳфаи Худованд аст, доред? Оё вақте ба таълиму тарбияи фарзанд диққат намедиҳед, аз ғазаби Худованд наметарсед? Барои мисол, агар ба ҷаҳони пешқадами имрӯза назар афканем, барои ба воя расонидани як фарзанд ҳар як оилаи Ҷопон то 400 - 500 ҳазор доллари амрикоиро сарф мекунанд ва дар тамоми умраш ин маблағ то ба миллионҳо доллар мерасад. Оё Шумо андеша кардаед, ки барои фарзанди хеш чӣ қадар маблағ ва молу мулк сарф карда метавонед?
Мақсад аз гуфтаҳои боло ин аст, ки андешаи онро намоем, ки дар асри XXI замоне фаро расидааст, ки оиди ин масоили мураккаби инсонӣ, ки дар илми иқтисодӣ онро «Демография» меноманд, андешаи аниқу чуқури ҳалкунандаи худро, ҳамчун падару модар ва ҳамчун сарварони оқилу хирадманд дошта бошем.
Зинаи дуввуми дастгирии қобилияти баланди зеҳнӣ ин боғчаю мактаб аст. Бояд гуфт, ки мо то ҳанӯз ба маънои тарбия ва таълими аҷдодии худ, дар ин институтҳои ҷамъиятӣ, ки дар даврони шӯравӣ маҷрои фаъолияти худро дигар карда буданд, барнагаштаем, инчунин манфиати бузурги иқтисодию иҷтимоии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор