Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ташаккул наёфтани ин қобилиятҳо ва дарк накардани қадру қиммати сарвар мегарданд.
Очеркҳои таърихии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд, ки мо дар кам ҳолатҳо қобилияти баланди зеҳниро истифода мебарем ва ё ба қадраш дар замони зиндагии одам мерасем, яъне қисми ками одамон онро дарк менамоянду боаклона ва мақсаднок истифода мебаранд. Ҳамон шахсиятҳое, ки ин моликияти зеҳниро боақлона истифода мебаранд, одамони ғайриоддӣ буда, дар таърихи фарҳангию иқтисодӣ ва илмин инсонӣ нақши муайяни худро мегузоранд. Ин гуна одамон дар алоқамандии қобилияти илоҳӣ ва инсонӣ чизҳоеро меофаранд, ки ақли оддӣ онро ҳеҷ гоҳ дарк карда наметавонанд. Бинобар ин аксари олимони бахши рӯҳшиносӣ дар он ақидаанд, ки фикр ва ақида дар дили инсон аз ду сарчашма ҷӯш мезанад ва ё пайдо мегардад:
-
Сарчашмаи илоҳӣ.
-
Тафаккури заминӣ.
Тафаккури заминии инсонҳо боз дар навбати худ аз се сарчашма ташаккул меёбад:
-
Аз ақли шахсони дигар, устодон ва мураббиён.
-
Аз ақли солими атрофиён.
-
Аз таҷрибаи рӯзгор.
ПАС, вақте ин сарчашмаҳо қобилияти зеҳнии одамро мустаҳкам мегардонад, инсон худаш аллакай ба қувваи созанда мубаддал мегардад ва боз ин ҷараёни ташаккули зеҳнӣ идома меёбад. Бояд гуфт, ки маҳз чунин фаҳмиш аз нигоҳи менеджменти муосири тоҷик он аст, ки чӣ гуна инсонҳо ба кӯмаки якдигар мӯҳтоҷанд. Ҳама гуна шахсиятҳо агар дастгирии худро аз сарчашмаҳои ақлонии заминӣ наёбанд, монанди дарахти дар биёбон монда хушкида несту нобуд мегарданд.
Мо дар зиндагонӣ бисёр одамони қобилияти баланди зеҳнидоштаро мебинем, ки ҳатто ному насаби худашро навиштаю хонда наметавонад ва тамоми умри худро дар қишлоқи ноободе гузаронида қобилияти баланди илоҳиро ба хок яксон намудааст. Вақте ки ба ин шахсон дар даврони пириамон ҳамсӯҳбат мешавад, сад афсӯс хурда, ин нокомиро ё аз тақдир меҳисобанд ё ба камбизоатӣ нисбат медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор