Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тарсида, худро ба дигар тараф майл мекунонем, ба тарафи беғайратӣ ва тамоми умр бенишон ва ноком мемонем. Ҳатто баъзе роҳбароне низ то имрӯз дар сохторҳои давлатӣ дида мешаванд, ки гарчанде дар зинаҳои баланди роҳбарӣ бошанд ҳам, монанди рӯбоҳи нимҷон на овоз доранду на гуфтору на ғайрат. Бо қавле «вазифа аз ӯ метарсад ва ӯ аз вазифа». Чунин рафтори роҳбарӣ, албатта, заифии идораи давлатӣ буда, сафи лаганбардорому хушомадгӯёни идоравӣ зиёд мешаванд» кору фаъолият қафо мемонад ва халқи оддӣ ба камбизоатӣ дучор мегардад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки аслан чунин рафтор ба аҷдодони гузаштаи мардуми тоҷик хос набуд.

Дар хиради менеҷменти тоҷик дарки масоили ба худмаҷбуркунӣ расиданро ба 7 қисм ҷудо мекунанд:

  1. Моҳият ва қадри сарватро (донишмандиро) доимо дар ёд доштан.
  2. Дар роҳбарӣ дӯстони бисёр надоштан.
  3. Аз НЕ ва НАМЕДОНАМ гуфтан натарсидан.
  4. Кам гӯеду дар гуфторатон устувор бошед.
  5. Ҳар як кору фаъолият вақту замони худро дорад.
  6. Аз рӯзи аввали роҳбарӣ ба тозагӣ ва сифат диққат диҳед.
  7. Дар муносибат ба одамон ҳалим бошед ва ҳамаи муваффақиятҳои кормандонро ба худатон нисбат надиҳед.

Агар Шумо дарки пурраи масоили дар боло овардашударо дошта бошед, он гоҳ аллакай соҳиби иродаи мустаҳками худмаҷбурсозӣ ҳастед ва хуб мешуд, ки онро дар пайдарпайии зерин иҷро менамудед:

  1. Мақсади асосиро аниқ карда, бо хоҳиш ва иродаи мустаҳкам ба иҷрои он шурӯъ намоед.
  2. Нақшаи аниқи фаъолияти худмаҷбурсозиро тартиб дода, аз оддӣ ба мураккаб корро оғоз намоед.
  3. Асаби худро аз ҳама тарсу ваҳм ва таклифҳои бемантиқи дӯстону рафиқон дур созед.
  4. Ба шахсоне ки Шуморо мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд, алоқаи мустаҳкам дошта бошед.
  5. То анҷоми расидан ба мақсад ба касе сирро фош насозед.
пешина
аз 566
навбатӣ