Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гирифтан афтиданҳо, умуман, садди роҳатон намешаванд ва мондашавиро ҳис намекунед.
Худмаҷбурсозӣ аслан аз рӯи қоидаҳои зерин сурат мегирад:
-
Мақсади муайян доштан.
-
Хоҳиши баланди ба мақсад расидан.
-
Ба худ боварии қавӣ доштан.
-
Нақшаи муайяни худмаҷбурсозӣ доштан.
-
Қувваю иродаи мустаҳкам доштан.
-
Қувваи дигаронро истифода кардан.
-
Одати худмаҷбурсозиро дар худ сохтан.
Ин қоидаҳоро риоя намуда, ҳар як роҳбар бояд ҳар замон ҳар як нуқтаи қоидаҳои дар боло гуфташударо таҳлил созад ва камбудиашро ошкор ва онро ислоҳ намуда, пеш равад. Чунин як таҳлили мантиқӣ шояд имкон медиҳад, ки худатонро аз нигоҳи нав шинохта, боз манбаъҳои нави қобилиятатонро ошкор месозед.
Аз нигоҳи менеҷмент бошад, 13 - намуди камбудиҳои роҳбариро дар вақти таҳлили худмаҷбурсозӣ метавон ошкор намуд:
-
Қобилияти даркӣ хоҳиши худро надоштан.
-
Набудани ҳавасмандӣ дар худмаҷбурсозӣ.
-
Камшуҷоатӣ ва беғайратӣ.
-
Қафопартой ва кашолкории роҳбарӣ.
-
Ба ҳолатҳо ҳавола кардани иҷроиши мақсад.
-
Худҳаловатбарӣ аз муваффақияти каму беш.
-
Бетарафӣ дар вақти иҷрои масоилҳо.
-
Коста будани хоҳиш.
-
Мавҷуд набудани нақшаи аниқи корӣ.
-
Хислати зудтаслимшавӣ, ҳангоми ноомадҳо.
-
Роҳи осони фиреби иҷрои корро ҷустуҷӯ кардан.
-
Хоҳиши рӯяки доштан, яъне ягон қуввае ба он сарф накардан.
-
Аз танқиди дӯсту душман тарсидан.
Махсусан, дар мардуми тоҷик камбудии рақами 13-ум зиёдтар дида
мешавад, чунки мо аз танқиди падару модар, хешу табор, дӯстон ва душманон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо