Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муайян кардааст ва дар ҷои худ нишастааст, доимо имкони назорати муҳитро дошта, барои боло рафтан шароити хубро фароҳам меорад. Мавқеъро мустаҳкам намуда, имкони ба боло рафтан ва ба поён дасти кӯмак дароз карданро пайдо мекунад. Нигоҳдории мавқеи роҳбарӣ, албатта, доимо якмаром набуда, вобаста ба давру замон ва синну сол тағйир меёбад, чунки дар ин Замин касе доимӣ нест. Аз ин хотир, хонандаи азиз, мо даъват бар он дорем, ки сари вақт корвони роҳбариро ба дигар кас супоридан низ яке аз қонуниятҳои хирад ва нигоҳдории мавқеи роҳбарӣ буда, дар менеҷмент ҳамчун роҳбари боандеша ва хизматманду накӯкор шинохта мешавад.

45.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ 1

Дар авф

Авф тарк уқубати гунаҳкор аст, дар ҳоли қудрат бар он ва ин хислат дар фазилат бар ҷумлаи хислатҳои фоиқ аст...

Ҳукамо гуфтаанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст». Овардаанд, ки яке аз гунаҳкорон назди як малик аз мулуки араб омад ва ҳол он ки чанд касро аз наздикони малик кушта буд. Малик гуфт: «Басе ҷуръат аст, ки бо вуҷуди гуноҳони бузург, ки аз ту ба нисбати ман ва хешони ман содир шуда, аз уқубати ман натарсидӣ ва назди ман омадӣ». Ҷавоб дод, ки: «Ҷуръати ман дар омадан ба ҳазрати ту ва нотарсида аз уқубати ту ҷиҳат он аст, ки медонам ҳарчанд гуноҳи ман бузург аст, авфи ту аз он бузургтар хоҳад буд». Малик сухани ӯро писандид ва гуноҳи ӯро авф фармуд.

Искандар аз Арасту пурсид, ки дар боби фалон гунаҳкор чӣ мегӯй? Гуфт: «Эй малик, агар гуноҳ набудӣ, сифати авф, ки беҳтарин фазилат аст, аз касе зоҳир нашудӣ. Пас, гуноҳ оинами авф аст ва гунаҳкор ба сабаби зуҳури он сифатшуда дар бораи ӯ бояд, ки ин маъни ба зуҳур расад:

1 Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Футувватномаи Султонӣ. Душанбе. Адиб, 1991. С. 153.

пешина
аз 566
навбатӣ