Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гӯям, ки банда бо устод Лоиқ ҳамнишин будам ва дар аксари маъракаю ҷамъомадони устод иштирок доштам ва аз донишу хиради ин марди бузург баҳра низ гирифтаам. Лоиқ дурӯғу бадӣ, фиребу вақоҳат ва тамаъю бахилии роҳбарони солхӯрда ва бо ном донишмандони идоравии айнакдори ҳисси миллӣ надоштаро сахт маҳкум менамояд:

Чашмаи хушкидай, миннат ба дарё мекунӣ,
Мурдарегӣ, сарзаниш бар кони тилло мекунӣ.
Айнакатро рост бигзорӣ набинӣ лек рост,
Боз аз ман ростию ҳақ таманно мекунӣ.


Ояд аз шеъру сухан бӯи ватан,
Бинам аз рӯи сухан рӯи ватан.
Ҳар кӣ нерӯманд бошад дар ҳунар,
Такя дорад гар ба нерӯи ватан...

Шоири дигари шуҷои миллати тоҷик Бозор Собир буда, ӯ низ мисли Лоиқ аз роҳбарону тарзи роҳбарии замони Шӯравӣ норизо буда, 70-соли Тоҷикистони Шӯравиро бе роҳбарони хоназоди тоҷикон муаррифӣ намудааст:

Эй халқи ман, эй халқи ман, умре ту ҳокимпарварӣ,
Хуш нест ҳокимпарварӣ, хуш нест ин хушбоварӣ.
Фарқе надорад ҳокимат аз зархариду навкаре,
Аз дур мебинад туро бо дурбини аскарӣ.


Ҳафтод сол омад ба сар бе роҳбарони хоназод,
Гӯё дар ин ҳафтод сол аз модаре роҳбар назод.
Аз ҳар вазоратхонаат як урду меояд ба ёд,
Аз ин вазиронат маро як урду меояд ба ёд.


Ҳар он нафаре, ки аз бурун тоҷик нест,
Дарёб, ки низ аз дарун тоҷик нест.
Дар мамлакате, ки Тоҷикистон номаш,
Як роҳбараш то кунун тоҷик нест.

пешина
аз 566
навбатӣ