Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • Нафс аз нек хору зор шавад,
    Рӯҳ мақбули кирдугор шавад.

ё худ:

Рӯи хуб асту камоли ҳунару домани пок,
Лоҷарам ҳиммати покони ду олам бо ӯст.

Дар адаб

Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад,
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.
Некии мардум на некурӯйӣ аст,
Хӯйи накӯ мояи некӯйӣ аст.

Адаб сиёҳати (муҳофизат) нафс аст аз қавли нописанда ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан. Обрӯи худу дигарон нарехтан.

Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамеъи аҳвол роҳи рост дошта бошӣ.... Адаб аз ҳама кас некӯ мемонад, хусусан аз мулуку ҷаҳондор ва салотини бузургвор, чӣ ҳар гоҳ эшон ба ҷодаи адаб истиқомат варзанд, мулозимони эшонро низ риояи адаб лозим бошад. Пас умури мамлакат мунтазам гардад ва дар масолеҳи аҳли олам вақфи ҳикмат муҳайё шавад.

Акобир гуфтаанд: беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Дар ахбор омада, ки султони Миср бо подшоҳи Рум тарҳи мувосилат андохта, духтари ӯро аз баҳри писари худ хутба кард ва ҳам духтари худро дар ақди писари вай даровард. Сабаби ин вусулат Расулу расоил аз ҷониби мутавосил гашт ва бо иттифоқи ин ду соҳибдавлат ҳар ду мулк бо якдигар оростагӣ пазируфт ва дар умури куллӣ ва ҷузъӣ муроҷиат барои якдигар намудӣ ва бе машварату тадбири ҳам дар ҳеҷ муҳим шурӯъ нафармуданд...

«Мол дар маърази фанову завол аст, адаб эмин аз тағйиру интиқол»....

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

пешина
аз 566
навбатӣ