Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Яке аз ақсоми ҳаё — ҳаёи ҷиноят аст. Яъне гунаҳгор аз кирдори худ шарм дорад...., ки гар гунаҳ набахшанд шармсӯрӣ ҳаст.....
Қисми дигар ҳаёи карам аст, ки карим шарм дорад, ки хоҳандае аз даргоҳи ӯ ҳиҷил бозгардад.
Маҳол аст агар сар бар ин дар ниҳӣ,
Ки боз оядат дасти ҳоҷат тиҳӣ.
Ниҳояти карам он аст, ки соилро (гадо) аз назди худ шармсору мунфаил бозгардонад ва чунонки дар ахбор омада, ки дар аҳди Маъмун аъробе буд, ки дар шӯразоре напъунамо ёфта, ҷуз оби шӯру талх надида ва начашида:
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор дар оби шӯр дорад ҳама сол.....
Дар иффат (порсой)
Он иффат эътироз бошад, аз иртикоби (боло рафтан) марҳамот, хусусан аз шаҳвати ҳаром ва ин аз ҷумраи макорими (лутфу карам) ахлоқ аст. Ва бузургон гуфтанд, одамӣ ду нисбат дорад: яке бо малоика, ки бад-он нисбат моил аст, ба илму амал. Дигаре бо баҳойиме (нафси ҳайвонӣ), ки ба он муносибат ҳарис аст, бо гулу шурбу виқоз. Шарти дуюм он аст, ки то метавонад нисбати малакиро фавт диҳад ва ба ҷониби нафси ҳайвонӣ майл намояд:
Аз малоик баҳра дорӣ в- аз баҳоим низ ҳам,
Бигзар аз хати баҳоим к- аз малоик бигзарӣ.
Пас ҳар гоҳ ҳирси хӯрдан муставлӣ (ғолиб) шавад, одами миёни ҳалолу ҳаром фарқ накунад, ҳамчунин ба вақти ғалабаи шаҳват низ миёни никоҳу сифоҳ (зино) имтиёз набошад. Пас иффат иборат аз он аст, ки ба вақти он шаҳват ғолиб гардад, инони нафс бозкашида домани ҳимматро аз олудагии ҳаром пок дорад ва ҷуз ба ваҷҳи лозим ба ин сурат иқдом нафармояд.
Чун подшоҳ ба сифати иффат ороста бошад, ҳар оина зулмати фиску фучур аз арсаи мамлакат дур шавад ва ғалаба орад. Бадномӣ ба зану фарзанди мардум нарасад.
Иффат он ҷо, ки роят афрозад,
Дилу динро тамоми бинвозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё