Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Наосояд андар диёри ту кас,
Чу осоиши хеш хоҳию бас.
Султон.....бифармуд, то ин калимотро ба оби зар навиштанд ва дастурамали рӯзгори худ сохт:
Панди ҳаким сайқали синан дил аст,
Мақсади ҳар ду олам аз он панд ҳосил аст.
Дар сабр
Сабр сифати бағоят мақбул аст. Таърифи сабр ҳамин аст, ки ба мазмуни он дар ахбор омадааст:
Сабр беҳтар мардро аз ҳарчӣ ҳаст,
То биёбад бар муроди хеш даст.
Ҳар ки дар тирборони ҳаводис сипарӣ сабр дар сар кашад, зудтар ҳаданги умедаш бар ҳадафи мурод бирасад. Зеро ки сабр мифтоҳи (кушоиши) кор аст ва дар хонаи роҳаш ҷуз бад-ин калид накушоянд. Дар калимоти мулуки Туркистон овардаанд, ки Афросиёб мардуми худро гуфт, ки ба ҳайсияти шафқати эшон фирефта машавед ва ба лофе, ки зананд ва даъвое, ки кунанд, мағрур нагардед, то вақте ки эшонро биозмоед ба сабру пойдорие, ки агар ба маҳаки сабр тамоми айёрдешонро ба мардонагӣ эътибор кунед:
На ба даъвост қадру қимати мард,
Қимати мард сабр донад кард.
Оварданд, ки рӯзе яке аз умаро пеши подшоҳе истода буд ва шоҳ ба ӯ дар муҳими мушоварат мефармуд. Қазоро каждуме дар пероҳани ӯ афтода буд ва ҳар соат амирро мегазид ва ба неши заҳролуди худ зарар мерасонид, то вақте ки неши вай аз кор биафтод ва ҳар заҳре ки дошт ба кор бурд. Ва он амир мутлақо дар он мушоварат қатъи сухан накард ва тағйире дар ӯ зоҳир нашуд ва суханаш аз қонуни ақлу ҳикмат инҳироф наёфт. То ба хона омад ва он каждумро аз ҷома берун кард. Ин хабар ба подшоҳ расид, мутааҷҷиб ва мутаҳайир гашт. Рӯзи дигар, ки амир ба мулозимати Султон омад, фармуд, ки дафъи зарар аз нафс воҷиб аст. Ту чаро дирӯз озори ақрабро аз худ мундафеъ насохтӣ? Ҷавоб дод, ки ман он наям, ки шарафи муколамаи чун ту подшоҳеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё