Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар одоби ходимон.

Бидон, ки ходими дарвешон мартабаи бузург аст ва ҳар ки авизеро хизмат кунад, ӯро насибе тамом аст.
Бе хизмати ту кас ба ҷаҳон иззате наёфт,
Ҳар кас, ки чокари ту нашуд, давлате наёфт.
Шарти ходимӣ он аст, ки ҳар кор, ки ӯро бифармояд, ба шарти ростию покӣ аз рӯи эътиқоду ихлос бикунад....

АХЛОҚИ МУҲСИНӢ

Дар шукр

Он (шукр) сипосу ситоиш бошад ҳар мӯъмиро, чун салтанат бузургтарин неъматҳост, пас султон бояд, ки ба шукргузорӣ ва сипосгузории ин неъмат қиём намояд ва шукр ҳам ба дил бошаду ҳам ба забон... Ҳар узверо аз аъзо ба тоате, ки бад-он узв махсус аст, машғул гардонад:..

  • Тоати чашм он аст, ки назар дар мухолифот ба ибрат кунад ва дар уламою сулаҳо (некмард) ба назари ибрат бингарад ва дар заифону зердастон ба шафқат нигоҳ кунад.
  • Тоати гӯш истимои калом ва ахбору қисаси акобирон ва панду насоеҳи мушоих ва аҳли яқин аст.
  • Тоати даст эҳсон ба фақирону мӯҳтоҷон.
  • Тоати пой рафтан ба мавзеи дарвешону гӯшанишинони бетамаъ ва зиёрати уламо мебошад. Шукргузорӣ сабаби зиёдии неъмат аст:
    Шукр сӯи шаҳри саодат барад,
    Ҳар ки кунад шукр зиёдат барад.
    ... Шукри салтанат адл аст ба бар умуми оламиён. ...Хулоса, шукргузорӣ он аст, ки холи хашму рияо ҷониби ҳақ фурӯ нагузорӣ ва осоиши халқро бар осоиши худ муқаддам дорӣ:
пешина
аз 566
навбатӣ