Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар боби сухан гуфтан
Бидон, ки шарафи одами ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоя накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои он, ки нутқ бо савоб (сухани рост) бояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад. Чунон, ки шайх Саъдӣ фармудааст:
Баҳоим хомӯшанду гӯё башар, Забон баста беҳтар, ки гӯё ба шар.
Ва дар сухан гуфтан чандин адаб аст, ки шайҳу ғолибро риоят бояд кард ва чандин адаби дигар аст, ки нозилон (шайхи то мартабаи шайх расидаро) нигоҳ бояд дошт. Агар пурсанд, ки адаби ғолибон дар сухан гуфтан чанд аст, бигӯй шаш: Аввал он ки сухан муносиби ҳоли ҳар кас гӯяд:
Бо ёри нав аз ғами кӯҳан бояд гуфт, Бо ӯ ба забони ӯ сухан бояд гуфт.
Дуюм, он ки ба лутф сухан гӯяд, на ба дуруштӣ.
Сеюм, он ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфон бошад, на турушрӯю гирифта.
Чорум, чандон сухан ба шунавандагон он гӯяд, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад.
Панҷум, сухан гӯяд, ки манфиати дунё.... дар он бошад.
Шашум, то сухане тамоми қадр набошад ба забон маронад, ки сухани бузургон монандӣ тухм аст ва агар тухм фосиду бемағз бошад, дар ҳар замин, ки афтад, нарӯяд ва аз ӯ манфиате ба ҳосил нарасад.
Агар бипурсанд, ки адаби нозилон дар сухан чанд аст, бигӯй ҳашт:
- То аз вай сухан напурсанд, нагӯяд; 2. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад; 3. Ба чапу рост нангарад; 4. Ғаразомез ва киноят нагӯянд; 5. Аз рӯи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагӯяд; 6. То фикр накунад, сухан нагӯяд, то пушаймон нашавад; 7. Дар миёни сухани мардум сухан дар наёрад ва сухани гӯяндаро бурида нагардонад; 8. Бисёр нагӯяд, ки бисёр гуфтан нишони андакақлӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё