Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Агар пурсанд, ки устоди комил кист, бигӯй, он ки покмазҳаб ва бино ба айби худ ва доно ба кори мурид ва соҳибтамиз бошад ва ҳасуду кинадор ва бахил набушад.
Дар шароити шогирд
Агар пурсанд, ки бинои шогирдӣ бар чӣ чиз аст, бигӯй, ба сари иродат.
Агар пурсанд, ки иродат чист, бигӯй самъу (самъу кардан) тоат.
Агар пурсанд, самъу тоат чист, бигӯ ҳарчӣ устод гӯяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад.
Агар пурсанд, ки шогирдро чӣ беҳтар, бигӯй, эътиқоди пок, ки ҳар кӣ ба мурод расид, аз рӯи эътиқод расид.
Агар пурсанд, ки аз чиз ба матлуб расад, бигӯй аз хизмат.
Агар пурсанд, ки бинои хизмат ба чист, бигӯй, ба тарки роҳат ва кашидани меҳнат.
Агар пурсанд, ки аркони шогирдӣ чанд аст, бигӯ чаҳор:
Аввал, он ки мардона шурӯъ кунад, ки шурӯъ нокардан беҳ аз фурӯгузошту аз роҳ баргаштан аст....
Дуюм, ба сидқи тамом хизмат кардан.
Сеюм, дилу забонро ба ҳам рост доштан.
Чорум, панд пазируфтан ва ҳар чӣ аз устод шунавад ёд гирифтан.
Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст бигӯй ҳашт:
- Чун дарояд, ибтидо ба салом кунад.
- Дар пеши устод кам сухан гӯяд.
- Сар дар пеш андозад.
- Чашм ба ҳар ҷой накшояд.
- Агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал (дастур) иҷозат талабад.
- Чун ҷавоб гӯяд, эътироз накунад.
- Дар пеши устод ба касе сухани гӯшакӣ накунад.
- Ба ҳурмати тамоми нишасту бархост кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё