Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Имрӯз чӣ хоҳӣ хӯрд?
Гуфт:
Рӯза хоҳам дошт.
Абдулло ба худ гуфт: «Ҳама халқ маро сахо маломат мекунанду ин гулом аз ман сахитар аст». Он гуломро ва нахлистонро ва ҳар чӣ дар вай буд, ҳамаро бихарид. Пас гуломро озод кард ва онҳоро ба ӯ бахшид....
Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабуе бар дӯш дар роҳе мерафт. Фузуле ба ӯ расиду гуфт:
Э нодон, рӯзу шаб пеши ту яксон аст ва равшанию торикӣ дар чашми ту баробар. Ин чароғро фоида чист?
Нобино бихандид, ки:
Ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кӯрдилу бехирад аст, то ба ман паҳлӯ назананду сабуи маро нашикананд.
Зарифе шахсеро дид, ки мӯи бисёр бар рӯи ӯ дамида буд. Гуфт:
Ин мӯйҳо бикан, пеш аз он, ки рӯи ту сар гардад.
Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон расидӣ, чодир ба сар кашидӣ. Аз сабаби онаш суол карданд.
Гуфт:
Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам: бар ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хӯрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шарбати ман мурдааст.
ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ¹
(1440-1513)
Номи Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар қатори машҳуртарин донишмандони илму
адаби тоҷик, чун Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ машҳур гаштааст. Ин
донишмандон қариб дар як замон ба олами илму ҳунар қадам ниҳода, риштаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё