Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Тавонгар ҳар гоҳ гурусна шавад ва дарвеш ҳар гоҳ, ки биёбад». Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас, ки доданд, зимоми зиндагонии хуш ба дасти ӯ ниҳоданд: аввал сиҳати бадан, дуюм эминӣ; сеюм вусъати ризқ; чаҳорум рафиқи шафиқ; панҷум фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рӯи вай бар оварданд....

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки кадом подшоҳ покизатар?

Гуфт: «Он, ки покизагон аз вай эмин бошанд ва гунаҳгорон аз вай битарсанд».

Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

Рӯзе Искандар бо сарҳангони хеш барнишаста буд. Яке аз эшон гуфт:

Худованд субҳонаҳу туро мулки бузург додааст, занони бисёр кун, то фарзандони ту бисёр гарданд ва ёдгори ту андар ҷаҳон бимонанд.

Ҷавоб дод, ки ёдгори мард на фарзанди ӯст, балки суннатҳои хуб ва сиратҳои некӯст, некӯ набувад, ки он кас ки ба мардони ҷаҳон ғалаба кардааст, занон бар вай ғалаба кунанд.


Аз Абдулло ибни Ҷаъфар разияллоҳу анҳу оварданд, ки рӯзе азимати сафар карда буд. Дар нахлистони қавме фурӯд омад, ки ғуломи сиёҳ нигоҳбони он буд. Дид, ки се қурси нон ба ҷиҳати қӯти вай оварданд. Саге он ҷо ҳозир шуд. Он ғулом як қурсро пеши вай андохт, бихӯрд. Ва пас дигареро бияндохт, онро ҳам бихӯрд. Пас дигареро бияндохт, онро ҳам бихӯрд. Абдулло разияллоҳу анҳу аз вай пурсид, ки:

  • Ҳар рӯз қӯти ту чист?

Гуфт:

  • Он чӣ дидӣ.

Фармуд:

  • Чаро вайро ба нафси худ исор накардӣ?

Гуфт:

  • Вай дар ин замин ғариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз роҳи дур омадааст ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам.

Пас гуфт:

пешина
аз 566
навбатӣ