Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар ин қисми китоб чанде ҳикояҳои ин асарро оиди ҷабҳаҳои гуногуни ҳиради роҳбарӣ оварда, муҳокима ва хулосабарориро ба ихтиёри Шумо, хонандаи азиз, вогузор менамоем.
Андар шинохтани қадри неъмати Эзид таоло мар подшоҳонро.
Шинохтани қадри неъмати Эзид таоло подшоҳонро дошти ризои ӯст, иззи исмат ва ризои ҳақ субҳонаҳу андар эҳсоне мебошад, ки ба халқ карда шавад ва адле, ки миёни эшон густурда ояд. Чун дуои халқ ба некӯӣ пайваста гардад, он мулк пойдор бувад ва ҳар рӯз зиёдат бошад, он малик аз давлату рӯзгори худ бархӯрдор бошад. Бад-ин ҷаҳон номи нек ва бад он ҷаҳон растагорӣ ёбад ва ҳисобаш осонтар бувад, ки бузургон гуфтаанд.
«Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд».
ҲИКОЯТ
Чунин омадааст андар ахбор, ки чун Юсуф аз дунё берун мерафт, ӯро меоварданд, то ба наздики Иброҳим, ки наздикии бобову аҷдоди бузургвораш дафн кунанд, Ҷабраил биёмаду гуфт:
- Ӯро ҳамин ҷо бидоред, ки он ҷои ӯ нест, ки ӯро ҷавоби мулке бояд додан ба қиёмат.
Чун ҳоли Юсуф пайғамбар чунин бувад, бингар, ки ҳоли дигарон чун хоҳад буд?
Дар хабар аст..., ки ҳар киро рӯзи қиёмат ҳозир кунанд аз касоне, ки эшонро бар халқ дастеву фармоне буда бошад, дастҳошон баста бошанд. Агар одил бошад, адлаш дастҳои ӯ кушода кунад ва ба биҳишт расонад ва агар золим бошад, ҳамчунон баста бо ғулҳо ба дӯзах афкананд.
Ва ҳам дар хабар аст, ки рӯзи қиёмат ҳар касеро ба касе фармон буда бошад дар ин ҷаҳон, то бар муқимони сарой ва зердастони хеш, ӯро аз он суол кунанд ва шубоне, ки гӯсфандон нигоҳ дошта бошад, ҷавоб аз ӯ бихоҳанд.
1 Ҳамон ҷо, с. 15-16.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё