Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

набарояд. Агар мо аз ӯҳдаи ин кор бароем, он гоҳ ақл бағоят мададгор ва нурпоши пайраҳаҳои ҳаётамон мешавад. Дар ин маврид яқин аст, ки ақл моро ба интиҳои хуби мақсаду мароми дар назди худ гузоштаамон мерасонад.
Бахусус, мо танҳо тавассути ин ҷавҳар, ки инъоми Худовандист, саодатманд мешавем.

Рафтори бофазилат1

Агар ҷамъи рафтору сирате, ки фалосифа ва уламо ба он буданд, ба таври муҷаҳҳаз баён кунем, равшан мегардад, ки амали онҳо аз доираи адолат берун набаромада, бо мардум ва тобеони худ ба таври шоиста муомила кардаанд. Онҳо аз мардум низ фазилатро талаб мекардаанд ва мардумро ба ин васила роҳнамоӣ менамуданд. Мардумро талқин менамуданд, ки бо якдигар лутфу марҳамат дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум кӯшиш намоянд. Аммо он касоне, ки ҷабру зулм ва сиёсати фосидро пешанҳуд менамуданд, ба ҳарҷу мараҷ ва сиёсати абасорӣ роҳ медоданд, аз гунаи одамон намеҳисобиданд.

Дар ҳама давраҳо одамони зиёде кору фаъолият менамоянд, ки шариату қонун онҳоро водор мекунад, то бе ҳукми зулм рафтор кунанд. Аммо намояндагони диние, ки ба зулмату истибдод мегаравиданд, ин гуна муҳимотро риоя намекарданд. Онҳо мухолифони худро ба дурӯғу фиреб ситам карда, ба онҳо обу таом намедоданд ва баъзан онҳоро ба қатл мерасониданд. Агар шахси мухолиф бемор бошад, муолиҷа намекарданд. Онҳо ақида доштанд, ки мору каждум ва монандӣ онҳо ҷонвару хазандагоне, ки аз онҳо фоидае бурда наметавонистанд, бояд нобуд карда шаванд. Инчунин, онҳо бо об таҳорат намекарданд. Дигар шуғлҳое, ки аз он ба ҷамъият зарар мерасид, баҷо меоварданд.....

Дар ин боб дигар сухане надорем, магар ин ки таъкиду зикр кунем, ки
инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум
наҷот меёбад ва соҳиби ҳурмат мегардад. Мухтасар мегӯем: Инсон ба шарофати
покӣ аз шарру ногуворӣ эмин мемонад. Агар кас ба мардум насиҳат кунад, ба

1 Ҳамон ҷо, с. 113 -114.

пешина
аз 566
навбатӣ