МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамин усули ҳадафмандии миллӣ ҷараёни таҳлили матни бадеиро дар китоби дарсӣ, васоити дарсӣ барои омўзгору шогирд таҳия ва таблиғ мекунад. Интихоби саре{и матнҳои бадеӣ, ки воқеан ҳам арзиши миллӣ ва бадеӣ дошта бошанд, хеле муҳим аст. Аз ин ҷиҳат вазифаи асосии дарси адабиёт ҳифз ва устувор сохтани арзишҳои маънавии миллӣ дар зеҳни наслҳо буда, танҳо таълими равишманди адабиёт ба ин мусоидат хоҳад кард.
Асли илмият дар бунёди ҳар фанни омузишӣ қарор дорад. Амалӣ сохтани ин асл ба хусусияти фан ва тарзи таълими он вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат асли илмият дар таълими адабиёти тоҷик иҷозат намедиҳад, ки ба хонандагон доир ба таърих, дарунмоя ва хусусиятҳои бадеии адабиёти тоҷик дониши номукаммал, канда-канда ва тасаввуроти ошуфта дода шавад. Бояд дар назар дошт, ки фанни таълимӣ нусхаи ихтисории илмият нест, ки ба он метавон такя зад.
Ҳангоми муроҷиат ба фанни омўзишии адабиёт вазъият мураккабтар мешавад. Зеро ҳангоми таълими ин фан, пеш аз ҳама, бояд донист, ки ҳам омўзгор ва ҳам хонанда бо ҳунари эҷодкорӣ сару кор доранд. Ҳунари бадеиро танҳо дар мақтаи ягонаи замони таърихӣ ва фарҳангӣ бо дарназардошти муқаддасоти бунёдии ғоявӣ ва ҳунарии он метавон омўхт ва аз он натиҷа гирифт.
Моҳияти аслии илмияти таълими адабиётро М. Шакурӣ равшан сохта, таъкид намудааст, ки «асли илмиву назарии омўзишу парваришро аз гузаштагони худ бояд бигирем.
Аммо татбиқи амалии он бояд ба тарзи нав, ба тарзи имрўз бошад, он асли илмиро, на ба он тарз,ки буд, на ба он тариқ, ки устод Садриддин Айнӣ дар достони «Мактаби кўҳна»
тасвир кардааст, балки бо истифодаи таҷрибаи тоҷикии қарни бист, яъне баъзе равишҳои мактаби Шўравӣ бо истифодаи таҷрибаи мактаби имрўзаи кишварҳои хориҷӣ (ба вежа, Фаронса ва Ҷопон) «бояд ба кор бигирем, худамон равишҳои тозаи имрўзаро биҷўем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё