МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Омўзиши ин ҳамосаи бузурги миллӣ, ки аҳдофаш таъйиди собиқа ва ҳастии таърихии халқҳои нажоди ориёист, ҳамчун рўйдоди фарҳангиву адабӣ ба таҳқиқи раванди таърихии инкишофи ҷомеа, робита ва такомули риштаҳои рўҳонии фикрию маънавӣ бо иҷтимоиёту сиёсат алоқамандӣ мегирад. Илова бар ин дар мавриди адабиёти миллӣ ва ҳадафҳои миллии он бояд дар ёд дошт,ки вақте дарунмояи ин гуна адабиёт бо таърихи халқу миллат ва давлати миллӣ алоқа пайдо мекунад, шакли адабӣ сурати миллию таърихӣ гирифта, ба воқеоти замони таърихӣ ва сарнавишти миллат алоқа пайдо мекунад. Манзур аз ин гуна адабиёт ҳам ҳадафи ахлоқӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам ҳунарист.
Бидуни шак, агар мо арзиши аслии инсонии адабиётамонро ба зеҳни хонанда ғунҷонда тавонем, дарси устод садои нидодиҳандае дар биёбон намегардад.
Донишманди эронӣ Абдулҳусайни Зарринкўб қатъи иртиботи ҷавононро бо адабиёти гузашта ва инсонӣ қатъи пайванди онҳоро бо ватан медонад. Он чи, ки имрўз ҷавононро бештар гирифтор медорад, адабиёт ва ҳунари ахлоқшикани ғарбист. Вақте ки адабиёт ва таълими он ҳадафи миллӣ дорад, бар болои бинои номуси миллӣ устувор аст, ҳеҷ гуна таблиғе сари ҷавонони моро пойбанди фасоди маънавӣ ва ахлоқӣ намесозад. Кӣ гуфт, ки адабиёти гузаштаи ғановатманди бостонии мо бо тарзи фикр ва зиндагии имрўз ҳамоҳангӣ ва таносуб надорад. Ин адабиёт аслият ва табиши ҳунарии фавқуллодае дорад. Осори адибоне амсоли Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ барои тамоми наслҳои инсонӣ, ҳатто, барои дунёи Ғарб ҳам ҷолиб ва шавқангез аст. Албатта барои ҳифз ва эътидоли он қисме аз ҷанбаҳои заиф ва камарзиш ё нисбӣ ва муваққатии мероси гузашта фақат дар барномаи дарсӣ нодида гирифта шавад, бок нест. Ин ҷавҳари муқаддас дар осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Аттор, Низомӣ, Ҳофиз ва амсоли онҳо қавӣ аст. Ин чизест, ки донишомўзи ҷавони имрўзи моро метавонад (ва бояд тавонад!) бо адабиёт ва фарҳанги мо мутаассил бидорад ва монеъ аз қатъи иртибот ба гузашта бо рўҳи миллӣ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё