Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Синфи 10. Раванди адабӣ ва анъанаву навоварӣ, фарқияти адабиёти бадеӣ аз илм, табиати эстетикӣ ва маърифатбахшии адабиёт, фаҳмиши сабк ва услубҳои адабӣ, мутамоилияти адабиёти бадеӣ, алқамандии илми адабиётшиносӣ бо илмҳои дигар.
Синфи 11. Нависанда, замон ва ҷомеа, идеали санъаткор, падидаҳои шеъри муосир, шеъри озод, методҳои бадеӣ ва равияҳои адабӣ, романтизм, реализм ва модернизм, махсусияти адабиёти миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, ҳамгироӣ ва таъсирпазирии тамаддунҳо.

Савол ва супориш:

  1. Ҳиҷоҳо чанд навъ мешаванд?
  2. Фарқи ҳиҷои граматикӣ аз арӯзӣ аз чӣ иборат аст?
  3. Садонокҳо дар ҳиҷосозӣ чӣ нақш доранд?
  4. Вазни шеър чист ва чӣ хусусият дорад?
  5. Хусусияти вазни арӯз кадом аст?
  6. Тақтеъ чӣ маъно ва чанд намуд дорад?
  7. Рукн чист ва вобаста ба мавқеъ рукнҳо чӣ ном доранд ?
  8. Байтҳоро интихоб намуда, вазн, тақтеъ, рукн ва баҳрҳоро муайян намоед.

Адабиёти омўзишӣ:
1.Давронов С.Омӯзиши вазни шеъри тоҷикӣ,-Д.,Маориф,
1992.
2. Зеҳнӣ Т. Санъати сухан.- Душанбе, Ирфон, 1979.
3.Тоиров У. Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам. Д., Маориф,
1991.
4.Тоиров У. Таҳқиқ ва таълими арӯз, Д., Дониш, 1995.
5.Шарифов Х. Каломи бадеъ. Д., 1992.

пешина
аз 344
навбатӣ