Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълумоти ибтидоӣ дар бораи эҷодиёти даҳонакии халқ, (фолклор), намунаҳои эҷоди бадеии халқ, зарбулмасалу мақол, ҳикоя, қисса, симои адабӣ, қаҳрамон, мавзўъ, ғояи асар, сюжет ва матни асари бадеӣ, маҳорати суханварӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ, риояи нозукиҳои баёни нутқ, хониши муассир ва воситаҳои тасвир.
Синфи 6. Муҳимият ва қимати асари бадеӣ, адабиёт-китоби зиндагӣ, мақоми муаллиф ва ҷаҳонбинии ў, шахсияти адиб, фаҳмиши ғоя ва симои адабӣ, жанрҳои фолклорӣ, компазитсияи асари бадеӣ, тавсифи табиат (пейжаз), монолог ва диолог, ҳунари суханварӣ, воситаҳои тасвири баён, низом ва меъёрҳои шеър.
Синфи 7. Инсон ва инсонгароӣ, одамият ва маънавият дар адабиёт, адабиёт –оинаи ҳаёти башар; фаҳмиши олами қаҳрамон ва персонажи асари бадеӣ, алоқамандии характер, симо ва воқеияти зиндагӣ; инкишофи фаҳмиши тасвир ва воситаҳои баён, суюжет ва компазитсия, ҷинс ва жанрҳои адабӣ ва намудҳои он: эпос, лирика, драма, арзишмандии ҷузъиёти тасвир, мазҳака ва ҳаҷв ҳамчун воситаи баёни ҷаҳонбинии муаллифи асари бадеӣ, инкишофи шинохти мизони шеър, радиф қофия, вазн, санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ.
Синфи 8. Адабиёти бадеӣ ва ҳақиқати ҳаёт, идея ва ҷаҳонбинии адиб, мазмун ва шакли асари бадеӣ, таҷассум ва тасвири образноки ҳаёт, тахайюлот ва ангезиши шуур, образ ва характер; инкишофи фаҳмиши сюжет, унсурҳои он ва компазитсия, воситаҳои тасвири бадеӣ, зиддият, низоъ ва нифоқ дар асари бадеӣ; ҷинс, намуд ва жанрҳои адабӣ, анъана ва навоварӣ, назокати забон ва ғановати асари бадеӣ; афоризм, эпигарф, руҷуи лирикӣ, рамз, мушкилот ва муаммо дар асари бадеӣ.
Синфи 9. Адабият-шакли шуури ҷамъият, вазифаҳои идеологии адабиёт, ягонагии шаклу мазмун, фардият, тип ва типпикунонӣ, шахсият, идеологияи санъаткор ва симои адабӣ; инкишофи фаҳмиши драма, роман ва навъҳои онҳо, сабки нигориши адиб, шинохту шарҳи матн ва зерматни бадеӣ, бозёфти эҷодии санъаткор.

пешина
аз 344
навбатӣ