Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, ҳангоми омўзиши адабиёти тоҷик омўзгор аз донишҳои адабиётшиносие, ки хонандагон аз адабиёти хориҷӣ ҳосил кардаанд, метавонад истифода кунад. Дар ин замина қаробати таърихии мавзўъҳо низ омили ёрӣ ҷустан аз фанҳои дигар, ба хусус, фанҳои инсоншиносӣ мебошад.
Дар роҳи самаранокии таълими адабиёт алоқаҳои ба истилоҳ дохилӣ низ мақоми муҳим доранд. Ин мавзўъ, ба хусус, барои адабиёти тоҷик арзишманд аст. Зеро ҳавзаи фарогири ин адабиёт вусъатнок буда, дар ташаккули он халқҳо ва кишварҳои зиёде саҳми назаррас доранд. Ин мавзўъро ҳангоми таълими мавзўи «Бадриддин Ҳилолӣ»
метавон бо раванди алоқаҳои адабии тоҷикону туркҳои чиғатоӣ пайванд дод. Дар заминаи адабиёти муосири тоҷик ва пайвандҳои он бо адабиёти халқҳои шўравии собиқ низ ин амал судманд хоҳад буд. Ба хусус, таъсири файзбахши адабиёти рус ба адабиёти муосири тоҷик дар ин замина корсоз аст.
Паҳлўи дигари пайванди адабиёти тоҷик бо адабиёти халқҳои дигар ҳодисаҳои адабии қиёсӣ (типологӣ) мебошанд. Баҳрабардорӣ ё худ таъсирпазирӣ аз адабиёти халқҳои дигар барои адабиёти тоҷик, чи дар гузашта ва чи имрўз, манфиатбахш будааст. Омўзгор ин масъаларо ҳам ба воситаи мавзўъҳои обзорӣ ва ҳам рисолавӣ метавонад таҳлил ва баррасӣ намояд. Фақат масъалаи қаробат ё худ наздикию ҳаммонандии ғоя, мавзўъ ва навъҳои адабӣ миёни адабиёти тоҷик ва адабиёти ҳинду араб метавонад санади муҳим барои андеша бошад.
Муқоисаи татбиқӣ аз омўзгор омодагии комилро тақозо мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки бо сарфи соатҳои иловагӣ хонандагон бо қонунияти тараққиёти адабиёт ошно шаванд, донишҳои назариашонро тақвият бахшанд, хусусияти хоси ин ё он адабиётро сарфаҳм раванд.

пешина
аз 344
навбатӣ