МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
4.1. ДАРСИ АДАБИЁТ ВА ФАНҲОИ ЁРИРАСОН
Дар фароянди омўзиши адабиёти тоҷик донишҳои аз дигар фанҳо ба даст омада низ истифода карда мешаванд.
Алоқаи фанҳои дигар бо адабиёт дар роҳи ба низомоварӣ, амиқбурд ва устувор сохтани дониши хонандагон, шаклдиҳии ҷаҳоншиносии илмӣ мақоми хос дошта, ба тавсиъаи ҷаҳонбинӣ ва афзоиши шавқи донишомўзии онҳо мусоидат мекунад.
Дар таълими адабиёт роҳ, тарз ва воситаҳои гуногуни омўхтани дониш, ҳосил намудани маҳорату малака, инкишофи самарабахши нутқи даҳониву хаттӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон истифода мегардад.
Омўзгори адабиёт дар ҷараёни омўзиш метавонад, пеш аз ҳама, аз дониш ва малакаҳое, ки хонандагон аз фанҳои инсонӣ ҳосил кардаанд, баҳра барад. Дар ин радиф омўзиши адабиёт, беш аз ҳама, ба фанҳои забони модарӣ, забон ва адабиёти хориҷӣ, таърих, фалсафа, педагогика , психология, санъат ва мусиқӣ алоқамандӣ дорад. Дар ҷараёни таълим алоқаҳои ҳамзамонӣ ва ғайриҳамзамониро тафовут медиҳанд. Алоқаи ҳамзамонӣ истифодаи санадҳои омўзишӣ, ҳодисаҳои ҳаммонандро, ки дар фанҳои ба ҳам наздик баён шудаанд, дар назар доранд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи шакли дуюм судмандтар будааст. Агар омўзгор ба омўзиши мавзўи адабӣ омодагӣ дида, вусъат ва такмили онро ба воситаи дигар фан имконпазир ва арзишманд бинад, ин усул ояндадор аст.
Масалан, хонандагон очерки Садриддин Айнӣ « Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-ро хеле барвақтар меомўзанд.
Баъдтар онҳо аз таърих бо ҳуҷуми муғулон ошно мешаванд.
Муаллими адабиёти тоҷик бояд ба ҳисоб гирад, ки хонандагон дар бораи ин фоҷиа фақат аз дарси таърих маълумоти кофӣ гирифтанашон имконпазир аст. Агар омўзгор ба он чи ки хонандагон аз дигар фанҳо медонанд, такя кунад, бояд аз усули пайванди тарҷеӣ истифода намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё