Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми таълими адабиёт дар синфҳои боло хониши муассир, таҳлил ва тафсири ҷомеъ, суҳбати ёдовар, иҷрои ҳамагонии супориш барои муайян кардани мундариҷаи ғоявию бадеии асар, ҳунари тасвиргарӣ ва нақши забон дар ифодаи дарунмояи асар воситаи муҳим мебошанд.
Намудҳои мушаххаси фаъолияти хонандагон дар ин зинаи омўзиш нисбат ба пешина меафзояд. Ҳиссаи ҳар хонанда дар иҷрои супоришҳо зиёд мешавад, маҳсулнокии фаъолияти сухангўии хонандагон низ боло меравад. Нақши сухани омўзгор низ афзуда, ҳаҷми маводи пешниҳодшуда ва дараҷаи мураккабии он низ тадриҷан бештар мегардад. Тарзи таҳлил ва тафсири асари бадеӣ низ амиқ меравад. Усули самараноки таҳлил дар ин зинаи омўзиш суолу ҷавоб мебошад. Суҳбатҳои қиёсӣ доир ба мазмуну мундариҷа, ғояи осори классикӣ ва муосир ва ҳунари нигорандагии онҳо низ дар инкишофи дониш ва завқи зебоишинохтии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Дар ҳамаи давраҳои омўзиш ва таълими адабиёт арзёбии моҳияти инсонгароӣ, ташаккули шахсият ва камолоти маънавии шахс ҳамчун маҳаки асосӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Саволҳо ва супоришҳо 1. Ҳадафи аслии таълими адабиётро дар мактаби миллӣ тафсир бахшед.
2. Хусусиятҳои умдаи таълими адабиёти классикии тоҷикро баён кунед.
3. Дар бораи равишшиносии таълими адабиёт, адабиётшиносӣ, асосҳои усулӣ ва заминаҳои равоншиносии онҳо чӣ медонед?
4. Мундариҷа ва таркиби омўзиши адабиёти тоҷикро дар зинаҳои гуногуни омўзиш шарҳ диҳед.

пешина
аз 344
навбатӣ