Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин раванд пайванди забон ва адабиёти тоҷик масъалаи хос ва хеле ҷиддист. Матни бадеӣ ба хонанда имкон фароҳам меоварад, ки нозукиҳо ва ғановати забони тоҷикиро сареҳан дарк кунад, мавқеи истифодаи ин ё он калимаю таъбирро шиносад. Адабиёт бояд василаи омўзиши забон бошад, ба хусус, адабиёти классикии мо, ки забонаш меъёрҳои собит дорад. Муаллими адабиёти тоҷик дар ин замина метавонад аз шарҳое, ки ба девонҳои классикони мо навишта шудаанд, истифода кунад. Дар шарҳҳо масъалаҳои забонӣ якҷоя ба ҳунари бадеии шоир таҳлил ва тафсир шудаанд.
Омўзгор метавонад як дарсро ба таҳлили луғати шеъри Рўдакӣ ихтисос диҳад ва дар заминаи қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хусусиятҳои хоси забони шоир, ғановати луғавӣ ва маъниофаринии ўро нишон диҳад. Ҳатто тафсири фақат ифодаи «қатраборон» ва баҳсҳои забонӣ дар атрофи ин ифода ҳусни забони шоири бузургро мекушояд.
Дар дарсҳои забони модарӣ матнҳои адабиро метавон барои ошкор кардани ҳодисаҳои забонӣ, собит сохтани қоидаҳои забон истифода кард. Матнҳои бадеиро метавон барои корҳои хаттӣ, аз ҷумла, диктанти савод, нақли хаттӣ, иншо ва таҳлилҳои наҳвӣ истифода кард.
Дарси забон баъзе малакаҳоро, ки хонандагон аз дарси адабиёт ёд гирифтаанд, тақвият мебахшад. Масалан, омўзиши хониши муассир бе донистани сохти наҳвии ҷумла имконнопазир аст. Посух ба суолҳо, таҳияи нақша, бозгўи мундариҷа ва таҳлили асари бадеӣ ҳамзамон донишҳои муайяни хонандагонро оид ба забон мустаҳкам мекунад.
Амалӣ сохтани алоқаҳои забон ва адабиёти тоҷик аз он ҷиҳат осон ва самаранок аст, ки ин ду фанро як кас дарс медиҳад.
Чунин шароит имкон медиҳад, ки на фақат дониш, балки малака ва тавоноии хонандагон санҷида шавад, ҳамчунин, баъзе равишҳои усулӣ дар таълими адабиёт мушаххас гардад.

пешина
аз 344
навбатӣ