Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Алоқамандии байни дарси адабиётро бо расмкашию мусиқӣ низ метавон амалӣ сохт. Омўзгори суруд ба муаллими адабиёт ёрӣ медиҳад, ки вай оҳанги сурудро биомўзад, ҳамроҳ бо хонандагон оҳанги онро ёд гирад, бар матни шоироне, ки осорашон дар дарси адабиёт омўхта мешавад, суруд тартиб диҳад, шабҳои адабӣ ва дигар чорабиниҳои берун аз синфро бо мусиқиву суруд оро диҳад.
Дарси суруд ҳисси зебоишинохтии хонандагонро зиёд мекунад, ба дарки нозукиҳои хониши муассир ёрӣ мерасонад.
Дар дарсҳои адабиёт гоҳо асарҳои мусиқие, ки ҳисси зебоишинохтии хонандагонро ташаккул медиҳанд ва ба ёдгирии матнҳо кумак мекунанд, шунида мешаванд.
Азхудкунии суруд арзишҳои дигар низ дорад: хонандагон дар бораи муаллифи суруд маълумот пайдо мекунанд, донишашон оид ба ин соҳаи санъат тавсиа меёбад, завқашонро барои дарки адабиёти бадеӣ бештар мешавад.
Гоҳо дар дарси адабиёт асари мусиқиро метавон шунавонд, ки он дар хонандагон эҳсоси муайянро ба вуҷуд меоварад, барои фаҳмидани матн ба онҳо сабукӣ меорад.
Дар дарси адабиёт метавон ба он малакаҳое, ки хонандагон дар дарсҳои санъати тасвирӣ ҳосил кардаанд, такя кард. Бо мақсади ҳифзи луғатҳои нав ба хонандагон супориш дода мешавад, ки тасвири ашё кашида, зери он номаш навишта шавад. Маслиҳатҳои омўзгори санъати тасвирӣ барои интихоби тасвирҳои ба мавзўъ наздик, тасвири адибон ва расмҳо дар мавзўи асари бадеӣ ёрии воқеӣ мерасонад.
Матнҳои бадеӣ сарчашмаи хос ва бо эътимоди маълумот дар бораи таърихи халқи тоҷиканд. Ҳамчунин, нависанда шоҳиди замони таърихист, ки дар он зиндагӣ кардааст. Илова ба ин, бе донистани захираи дониши хонандагон дар бораи таърих осори адибро дар дарси адабиёт дуруст арзёбӣ кардан ғайриимкон аст.

пешина
аз 344
навбатӣ