МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муҳаммадҷони Шакурӣ ҷиҳати татбиқи консепсия ва барномаҳои омўзишу парвариш инсонгароии таълимро дар мадди аввал гузошта, таъкид намуда буд:
“Ҳама паҳлўҳои воқеияти иҷтимоӣ дар омўзишу парвариш бояд дар назар гирифта шавад ва навҷавонони мо бо хатми мактаби миёна барои зиндагонӣ, барои сахтгирӣ дар воқеияти иҷтимоӣ имконияти зарурӣ ба даст биоваранд.
Вале ин кор дар доираи мақсади аслӣ, ки расидан ба
1 одамияту маънавият аст, бояд сурат бигирад».
Воқеан ҳам, агар ҷавононро дар доираи маҳдуди ихтисос таълим ва тарбия диҳем, он гоҳ ҳадафи аслии таълиму тарбия, ки бояд одамияту маънавият бошад, зери суол қарор мегирад. Ҳол он ки мақсади аслии мактабу маориф бояд тарбияи шахсияти дорои маънавияти олӣ бошад, шахсияте, ки ихтисосашро аз роҳи дарки мавқеи маънавиёт танҳо барои манфиати инсон истифода карда тавонад.
Аз ин мавқеъ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва дурнамои рушди кишвар бояд ба инсонгароии таълим арзиши бештаре қоил шуд. Ин корро нафақат ба хотири он бояд кард, ки инсонгароии таълим зиёии комилро ба воя мерасонад, боиси ҳамчунин, бо он хотир, ки адабиёт таҷрибаи наслҳоро фаро гирифта, мантиқи омўхтан ва андешидан баҳс ва исрор кардан ба ақидаи худро меомўзад.
Ҳамзамон, омўзиши адабиёт ва санъатшиносӣ имкон медиҳад, ки хонандагон тамаддун ва ҳастии маънавии замонҳои дигар, ба хусус, намояндагони миллатҳои дигарро ба хубӣ шиносанд. Тавассути осори адабӣ асолати мероси маънавӣ ва ҳунарии эҷодкорони халқҳо ва давраҳои мушаххаси таърихиро аз худ менамоянд. Ҳадафи аслии ин кор иборат аз он аст, ки ҳунар, адабиёт ва анвои он ҳисси инсонро таҳрик мебахшад ва он барои эҷодкорӣ, хоҳ техникӣ бошаду хоҳ инсонгароӣ, ниҳоят муҳиму арзишманд аст.
1 (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ.
Душанбе, 2002- с. 50) Фанҳои таълимӣ ҳар кадоме дар роҳи тарбияи хонандагон ҷойгоҳ ва нақши муайян доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё