МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
БОБИ 1
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ
ТОҶИК
Мақсади аслии омўзишу парвариши ҷомеа дар ҳама давру замонҳо расидан ба сатҳи баланди одамияту маънавият будааст. Ҳам дар Юнони қадим, ҳам дар кишварҳои Шарқ, аз ҷумла, Эронзамин дар равиши мактабдорӣ аз оғоз таълимро ба тарбия вобаста донистаанд. Дар ҷаҳони мутамаддини имрўз низ ҳамин омили таълиму тарбия шоеъ аст.
Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меваи истиқлолияти кишвар буда, дар ҳамбастагии таълиму тарбия тадриҷан амалӣ мешаванд. Таълим ва тарбияи инсони комил ҳадафи ниҳоии консепсияҳои мазкур буда, ин аснод тарбияро василаи камолоти ахлоқӣ ва дар хонандагон ба вуҷуд овардани малакаи зист дар фазои солими ахлоқӣ медонанд.
Пўшида нест, ки ҳадафҳои консепсияҳо ба такомули низоми ахлоқии зиндагӣ ва пешрафти истеъдоди инсон пайванди ногусастанӣ доранд, яъне ғояи низоми пешрафтаи маориф бояд бар маънавияти комил ва асили иҷтимоъ бунёд ёфта бошад.
Омўзиши осори бадеӣ дар тарбияи маънавии наслҳо дар замонҳои гуногун ҳамчун инъикосгари ҳаёт ва зиндагии мардум, орзуву ормон ва ҳастии маънавии халқ таъсиргузор буда, дар ташаккули шахсият, камолоти олами маънавию ахлоқӣ ва завқи зебоиписандии инсон ҷойгоҳи босазо дорад.
Устод Садриддин Айнӣ дар заминаи як байти Мирзо Абдулқодири Бедил ахлоқи некро аз ҳар гуна илму амал афзалтар ва одобро аз мазҳабу миллатгароӣ болотар таъбир карда буд. Вале ин ҳарф чунин маънӣ надорад, ки ин гуна усули таълимро аз соҳаҳои дигари ҳаёт ҷудо амалӣ созем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё