МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вале муҳаққиқони соҳаи таълиму тарбия дар ин самт ба адабиёт, ки дар ҳақиқат, «оинаи ҳаёти башар» ва «китоби зиндагӣ»
аст ва ба хонандагон имконияти хоси таъсири ҳисси гузаштагонро дорад, мақоми бештаре лоиқ дидаанд. Воқеан, адабиёт, таърих, забони модарӣ, асосҳои санъати мусиқӣ, рассомӣ, меъморӣ ва театру кино бештар имкон доранд, ки мабдаъҳои маънавию инсонӣ, тахайюл ва эҷодро инкишоф диҳанд. Ба хусус, эҷоди бадеӣ инсонро беш аз ҳар чизи дигар ба неруи корсози одамият мусаллаҳ месозад.
Адабиёт ифодагари ҳаёти бани башар буда, тарбияи тафаккуру эҳсоси нафис, шинохти шуури солим ва сиришти поки зебоиписанди инсонро ифода месозад ва натанҳо манбаи омўзишу парвариши маърифати ҳусн, балки василаи муҳими саводнокӣ, маърифатписандӣ ва забономўзӣ мебошад.
Вале барои он ки адабиёт воқеан ҳам баҳри насли ҷавон сабақи зиндагӣ, мактаби камолоти маънавӣ, инсонӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносӣ гардад, зарур аст, ки онро бисёр ҳам оқилона ва нозукона ба хонандагон таълим диҳем. Таълими адабиёт набояд ба зикри хушку холии номи адибон, санаи тавлиду даргузашт, номгўи осори онҳо табдил ёбад. Ҳамчунин, дарси адабиёт наметавонад танҳо василаи саргармкунандаи хониши осори бадеӣ бошад. Мушкилоти аслӣ ин аст, ки адабиётро дар мактаб чӣ гуна бояд таълим дод, равишу усул (методикаи) таълими онро чӣ тарз тарҳрезӣ кард.
Дар замони Шўравӣ ва имрўз дар ин замина мактабу маорифи халқи мо ҳанўз равиши мустақил ва судмандро соҳиб нагаштааст. Албатта, равишҳои донишмандони рус воситаи хубе барои омўзиши адабиёти реалистӣ ва муосир буда, дар мактаби тоҷикӣ ҳангоми омўзиши эҷодиёти адибони муосир Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода ва чанде дигар то андозае судманд мебошанд.
Аммо дар марҳилаи омўзиши адабиёти классикӣ бисёре аз равиш (метод)-ҳои омўзиши адабиёт на ҳамеша самарабахш мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё