МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Муаллиф ҳангоми навиштани иншо то кадом дараҷа ба далелҳои адабию таърихӣ риоя кардааст.
- Мустақилӣ ва фаъолиятнокии муаллиф ҳангоми навиштани иншо.
- Дар кор ҳисси таваҷҷуҳи муаллиф, фаҳмиш ва хусусияти эҷодии ў то кадом андоза инъикос ёфтааст.
- Нақшаофаринии иншоро чӣ тавр бояд баҳо дод?
- Дар иншо фикрҳои ҷудагонаи бадеӣ дучор меоянд, агар дучор оянд, ба кадом мақсад.
- Ба тартиб даровардани иишо (сарсатр, тартиби рақамҳо, иқтибосҳо, сохти ҷумлаю ҳусни хат, мураттабии мазмун, гузоштани ҳошияю ҳаҷм ва ғайра) ба назар гирифта шаванд.
Инчунин, дар синфҳои VIII – ХІ оид ба мавзўъҳои адабӣпублисистие, ки аҳамияти таълимию тарбиявӣ доранд, дар гузаронидани иншои синфӣ ва хонагӣ мувофиқи мақсад аст.
Масалан, доир ба чунин мавзўъҳо: «Инъикоси қаҳрамонони халқ дар асари нависандагони тоҷик», «Адабиёт дар мубориза барои ваҳдат» ва ғайра.
Муаллим, ки ҳар рўз дараҷаи азбаркунии маводи барномаи таълимиро аз рўйи ҷавобҳои даҳонӣ ва корҳои хонандагон муайян мекунад, дар ҳар як синф ба миқдори зерин бояд иншо гузаронад: синфи VIII 4 иншои синфӣ, 3 иншои хонагӣ, дар синфи ІХ камаш 5 иншои синфӣ ва 4 хонагӣ ва дар синфҳои Х- ХІ камаш 5 иншои синфӣ ва 4 иншои хонагӣ.
Ҳангоми санҷиши иншои хонандагони синфҳои IX- XI ҳам ба адабиёт, ҳам ба забон, ба мазмун ва саводнокӣ баҳо гузашта мешавад.
Баҳои «5» ба иншое гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– мавзўьро бевосита ва комилан дар бар гирифта, маводи адабиро пурра фаҳмида ва дониста, ба ҳодисаи баёншаванда баҳо дода тавониста ва мустақилонаю мураттаб фикр ронда бошад;
– бо забони фаҳмо ва равшан навишта бошад;
– хулосаи дуруст бароварда башад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор