МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
– дар иншо ғалатҳои грамматикӣ содир накарда бошад;
– мазмуни иншоро ба нақшаи корӣ мувофиқ ифода карда бошад;
– дар иншо ба навишти дуқалама роҳ надода ва навиштаҳоро ислоҳ накарда башад.
Баҳои «4» ба иншое гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– маводи адабиро нағз азхуд карда, фикрашро мураттаб бо далелҳо исбот карда тавониста бошад;
– хулосаи иншо мушаххас бошад;
– ба забани адабӣ навишта шуда бошад, бо вуҷуди ин, дар баёни фикр ягон ғалате содир шуда бошад.
Баҳои «3» ба иншое гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– мавзўъро баён намуда, ба саволҳои он ҷавоби рўякӣ гардонидааст;
– дар баёни мақсад ва овардани далелҳо саҳве кардааст;
– мазмуни иншоро аз рўи нақша ифода нанамуда аст;
– ҳаҷми корҳо ба талабот мувофиқ иҷро накардааст.
Баҳои «2» ба иншое гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– мавзўъро нафаҳмида, маводи адабиро дар кор пурра фаро нагирифта бошад;
– мавзўъ мувофиқи талаб баён накарда, ба нақли одӣ ва рўйбардори китоби дарсӣ роҳ дода бошад.
Баҳои «1» ба иншое гузошта мешавад, ки на нақл дораду на мазмун.
Муаллим ҳуқуқ дорад, ки ба иншои хонанда бо назардошти ҳаҷми кор нисбат ба меъёри муқарраршуда (як ё ду хатои имлоӣ ва аломати китобатӣ) баландтар баҳо гузорад.
Миқдори корҳои хаттӣ аз адабиёт дар як сол
Синфҳо V VI VII VIII ІХ Х ХІ
Синфӣ 4 4 4 4 5 5 5
Хонагӣ 1 1 2 3 3 4 4
Ҷамъ 4 5 6 7 9 10 11

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор