Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавзўъ ва ҳаҷми иншо аз синфи VIII сар карда тадриҷан мураккаб шудан мегирад, ҳаҷми иншо дар синфҳои VIII - ХІ бояд 5-6 саҳифаро ташкил диҳад.
Аз иншоҳои ханандагони синфҳои Х-Х1 бояд маълум шуда истад, ки:
1.Хонанда нақшаи иншоро вобаста ба мазмун дуруст тартиб додааст, ё не?
2.Ҷавоби ҳар нақшаи кор ба мавзўъ ва мазмун мувофиқ бошад.
Аз он ҷумла:
– мураттабӣ ва пайдарҳамии фикр;
– таҳлили нақш ва порчаҳои он;
– мисолҳо барои далели фикр;
– қаноатбахшии хулоса ва ҷамъбасти иншо.
3.Кори худро аз ҷиҳати услуб дуруст ва бо имлою аломати китобати беғалат иҷро намояд.
4.Иншоҳое, ки муаллим ба онҳо тақриз навишта, баҳо мегузорад, баяд талаботи зеринро дошта бошанд:

  1. Иқтибосе, ки дар матлаи иншо оварда мешавад, ба мазмуни кор алоқа дошта башад.
  2. Нақшаи иншо тавре тартиб дода шуда бошад, ки аз ҷиҳати мураттабӣ ва тарзи ҷобаҷогузорӣ мундариҷаи корро дар бар гирад. Дар бандҳои нақша набояд нофаҳамӣ ва норавшаниҳо бошад.
  3. Муаллим ҳангоми санҷиш ба ҳар як ҷузъи нақша ҷавоби саҳеҳ пайдо карда тавонад.
  4. Дар иншо алоқамандии фикр, давру замон пурра дида шуда, хулосаи он бояд фикри муаллифро ҷамъбаст намояд.
  5. Матни асари бадеӣ, ки дар иншо истифода бурда мешавад, аз ҷиҳати бадеият ва воқеияту ғоянокӣ ҷавобгўи замон бошад.
  6. Қувваи эҷодии муаллиф дар навиштани иншо ва мазмуну кор аён гардад. Маълум шуда истад, ки иншо то чӣ андоза хусусияти эҷодӣ гирифтааст.
пешина
аз 344
навбатӣ