Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз дар дилтангӣ аз ҳисори Ной ва дурӣ аз модару падар ва ҳамсару фарзандон менолад.

Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам,
Ғаму тимори духтару писарам.
Ҳам бад-ин сон гудозадам шабу рўз,
Ғаму тимори модару падарам.
Ҷигарам пора асту дил хаста,
Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.
На хабар мерасад маро з-эшон,
На бад-эшон ҳамерасад хабарам.
Боз гаштам асири қалъаи Ной,
Суд кам кард бо қазо қадарам.
Камари кўҳ то нишасти ман аст,
Бар миёни ду даст шуд камарам.
Аз баландии ҳусну тундии кўҳ,
Мунқатеъ гашт аз замин назарам.
Ман чу хоҳам, ки осмон бинам,
Сар фуруд ораму замин нигарам.

Масъуд миёни сози маъруф-ной ва зиндони Ной пайванде эҷод карда ва ба қавли марҳум Қазвинӣ, ў нойро баҳона карда ва бад-ин васила аз зиндони Ной гилаву шикоят намудааст.
Эй Ной, ҳаво буридам аз ной даме, Ўро дами гарм буду ту сарддамӣ.
З-ў буд маро хуррамӣ, аз ту дижамӣ, Ў нойи нишот буду ту Нойи ғамӣ.


Ноландатар аз ноям дар қалъаи Ной, Ҳамсояи моҳ гаштам аз тундии ҷой.
На табъ маро ба ҷову на дасту на пой, Эй шоҳи ҷаҳон, раҳм кун аз баҳри Худой.


Эй қалъаи Ной, мо дар мулки туе, Донад, ки кони гавҳар мулки туе.

пешина
аз 344
навбатӣ