Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар маро аз миёнаи зиндон,
Даррабояд ҷаҳони мардрубой.
Бахудо гар дигар чу ман ёбанд,
Пас аз ин ҳеҷ подшоҳситой.
Эй гушода ҳазор бастаи чарх,
Бастаи меҳнати маро бигшой.
Дасти бахшоиши ту нек қавист,
Бар мани пири нотавон бахшой.
Дили ман шод кун ба фарзандон,
Рўйи он хурдакон ба ман бинмой.

Муддати ҳабси Масъуд дар қалъаҳои Даҳаку Су ба қавли худи ў ҳафт сол будааст.
Ной ва Маранҷ
Ҷойи қалъаи Нойро дар Ҳиндустон донистаанд, аммо маҳалли дақиқи он номаълум аст. Он чи медонем, ин аст, ки қалъаи охир аз ду қалъаи қаблӣ саъбноктар ва хавфангезтар будааст ва ончунон дар дили кўҳ қарор дошта, ки Масъуд осмонро ба дурустӣ намедидааст ва он чунон бар баландӣ ҷой гирифта буд, ки бодро бар он гузар набуд, дар ин зиндон буд, ки Масъуд ба ҷойи навиштани рўйи қоғаз бар рўйи хокистари нарми уҷоқ, ки онро соф карда буд, менавишт.
Масъуд беш аз тамоми зиндонҳояш аз ин зиндон нолида ва дар ашъори сўзноке сурудааст.
Нолам ҳаме чу ной ман андар ҳисори Ной, Пастӣ гирифт ҳиммати ман з-ин баланд ҷой.
Орад ҳавои Ной маро нолаҳои зор, Ҷуз нолаҳои зор чӣ орад ҳавои Ной.
Гардун ба дарду ранҷ маро кушта буд агар, Пайванди умри ман нашудӣ назми ҷонфизой.
Аз дидагоҳ пошам дурҳои қимате, В-аз табъ гаҳ хиромам дар боғи дилкушой.
Аз ранҷи тан тамом наёрам ниҳод пой, В-аз дарди дил баланд наёрам кашид вой.
Гардун чӣ хоҳад аз мани бечораи заъиф, Гетӣ чӣ хоҳад аз мани дармондаи гадой, Масъуди Саъд! Душмани фазл аст рўзгор, Ин рўзгори шефтаро фазл кам намой.

пешина
аз 344
навбатӣ