Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАҲАК ВА СУ

Абдулҳай Ҳабибӣ дар таълиқоти китоби «Табақоти Носирӣ»
навиштаи Минҳоҷи Сироҷ маҳалли зиндони Даҳакро дар Ҳиндустон дониста ва забтҳои мухталифи номи онро ба кор бурдааст: Даҳмик, Маҳик, Даҳик, Дамик ва Даҳак. Даҳак ҳамон ҷой аст, ки мақтул ва машҳуди султон Муъизиддини Ғурӣ аз подшоҳони силсилаи Ғўриёни Ҳиндустон будааст. Муҳаққиқон аз ду рустои Даҳак ном бурдаад, яке дар вилояти Систон, наздики шаҳри Буст, ки албатта, қалъаи Даҳак дар он ҷо набудааст ва дигар дар Ҳиндустон ва баъзе дигар Даҳакро наздики шаҳри Ғазнин-пойтахти Ғазнавиён донистаанд. Ин русто ва қалъаи он дар дили кўҳҳои саъбулъубур ва хавфнок қарор гирифта буд, ба тавре ки Масъуд метавонист аз миёни кўҳҳо ба заҳмат ситораҳоро дар болои сари худ бубинад, бо ин ҳол гўё қалъаи Даҳак бо ҳама сахтӣ, дар баробари зиндонҳои дигари ў роҳаттар будааст ва чунонки аз як байти дар девони Масъуд ошкор аст, ду нафар ба номи Ризо ва Маҳмуд, ки ҳувияти бештари он ду ошкор нест, ба султон хабар медиҳанд, ки зиндони Даҳак барои Масъуд монанди истироҳатгоҳ аст ва беҳтар аст ўро ба ҷойи саъбтаре мунтақил созанд. Бинобар ин Султон дастур медиҳад то ўро ба қалъаи Су, ки ҷойгоҳе бас сахттар ва бар фарози кўҳе баландтар буд, мунтақил намоянд.
Дар ин зиндони сахту торик ва мутаъафин Масъуд пайваста занҷир бар пой дошт. Ҷойи дақиқи ин қалъа ошкор нест, аммо Масъуд дар ин зиндон қасойиди бисёр гуфтааст.
Ман дар ин ҳабс чанд хоҳам буд, Монда банде гарон чунин бар пой.
Ҳафт солам бикўфт Суву Даҳак, Пас аз онам се сол қалъаи Ной.
Банд бар пойи ман чу мори дусар, Ман бар ў монда ҳамчу морафсой.
Нохун аз ранҷи ҳабс рўйхарош, Дида аз дарди банд хунполой.
Дар Маранҷам кунун се сол буд, Ки бибандам дар ин чу дўзах ҷой.

пешина
аз 344
навбатӣ