Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Номи Луқмон, пеш аз ҳама, бо он ки дар сарчашмаҳои динӣ ва адабӣ ҳамчун мазҳари ҳикмат ва қаҳрамони ахлоқ зикр шудааст, ҷолиби таваҷҷуҳ аст.
Вале он муболиғаҳое, ки дар ҳаққи ў гуфтаанд, вуҷуди ўро дар нигоҳи баъзе аз донишмандон мавриди тардид қарор додаст. Бинобар ин ҳам, гурўҳе Луқмонро мавҷуди хаёлӣ донистаанд. Далелҳое, ки дар кутуби таърихӣ, сарчашмаҳо ва осори адабӣ зикр шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки ў шахсияте таърихӣ ва воқеӣ будааст.
Нахустин нақлҳоро дар бораи Луқмон мо дар нақлу ривоятҳои арабӣ дармеёбем. Луқмон дар ин сарчашмаҳо на фақат бо унвони як ҳаким, балки ҳамчун пири маъруфи ҷаҳондида зикр мешавад. Илова ба ин, Абдулҳусайни Зарринкўб бар ин ақида аст, ки «қиссаҳое, ки дар бораи ў нақл кардаанд, шояд битавонад ин ҳадисро илқо кунад, ки Луқмони Ҳаким ғайр аз Луқмони Муаммар будааст ва фақат ба воситаи ваҳдати ном достонҳое ин ду шахсро ба ҳам
1 омехта бошанд».
Ин донишманд аз муқоисаи достонҳои Луқмон бар пораҳои ҳикоёти мушобеҳ дар асотир ва адабиёти миллатҳои дигар ба чунин натиҷа мерасад, ки «достони Луқмон бо ҳикоёт ва қиссаи дигаре низ махлут шудааст» Ва ў «саъй дар тамйиз ва тафкики ҳайвон ба поён мерасид ва аҷзои мухталифи ин достонҳоро» бефоида медонад. Вале «вуҷуди ўро дар қуруни гузашта мусаллам ва қатъӣ» медонад.
Дар бораи аслу насаб ва нажоди ў низ ихтилофи назар аст. Сабаби ин ду шахсро, ки номи ҳар ду Луқмон будааст,

1 Ниг: ба Абдулҳусайни Зарринкўб. Аз чизҳое дигар. Нақд, ёддошт, баррасӣ ва намоишвора. Теҳрон, 1379, саҳ 69. минбаъд «Аз чизҳои …» меояд.

пешина
аз 344
навбатӣ