МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
10.3. ХОНИШИ ЁРИРАСОН ВА МУСТАҚИЛОНАИ
ОСОРИ БАДЕӢ
Дар ин қисмат мо маводеро пешкаш менамоем, ки истифода аз онҳо барои самарабахш гузаштани дарсҳои адабиёт, бешак, ёрии судманд мерасонад. Муаллим ба тарзи дилхоҳ метавонад ҳангоми дарси ба ин мавод алоқаманд аз онҳо истифода кунад.
ЛУҚМОНИ ҲАКИМ КӢ БУД?
Исми Луқмони Ҳаким дар барномаи таълими адабиёт барои синфи V як бор, он ҳам ҳангоми таълими нақли ривоят ёд мешавад. Вале чун ба таҳқиқ нигарем, исми Луқмон дар контексти адабу фарҳанги мо ҷойгоҳи хос дорад. Вай дар адабиёт ва тафаккури мардуми мо рамзи ҳикмат буду ҳаст.
Бинобар ин ҳам, табиист, ки ҳангоми таълими осори адабӣ, ба хусус, насри аҳлоқӣ хонанда бо номи ў зиёд бармехўрад.
Дар бисёр мавридҳо ҳамчун дарс шоиру нависандагон ба номи ў ишора мекунанд, талмеҳ мезананд.
Акнун суоле пайдо мешавад: мо дар бораи Луқмон, шахсияти адабӣ ва инсониаш чӣ медонем? Мутаассифона, касе аз муҳаққиқони мо ба омўзиши ин мавзўъ даст назадааст ва шахсият ва ному овозаи ў барои хонанда ҳамчунон тира боқӣ мемонад. Барои кумак ба омўзгорону толибилмон ва мутахассисони соҳа бо такя ба сарчашмаҳои адабию илмӣ, ба хусус, тадқиқоти донишманд Абдулҳусайни Зарринкўб «Луқмони Ҳаким» то ҷое хостем ҳайсият ва шахсияти инсонии ин чеҳраи таърихро рўшан намоем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо