МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
махлут кардани сарчашмаҳост. Гурўҳе аз сарчашмаҳо ўро аз қабилаи Од, гурўҳи дигар аз бани Исроил дониста, баъзе ба ғуломи ҳабашӣ буданаш низ таъкид варзидаанд. Ривоёти қадими арабӣ ўро аз қабилаи Од шинохтаанд. Мо аз Қуръон достони қавми Одро, ки ба сабаби куфрону нофармонӣ ба ҳалокат расидаанд, ёд дорем. Ҳикояти зер, ки аз «Маҷмаъуттаворих вал қисас» (с.188) нақл хоҳем кард, гувоҳи он аст, ки Луқмон чӣ гуна аз ғазаби Худо, ки бар қавми ў нозил гашт, барканор монд.
Ҳикоят: «Ва пеш аз ҳалок шудан Одиён қурбонӣ фиристода буданд ба Макка аз баҳри қаҳтӣ, ки Худои таъоло бар эшон гумошта буд ва Луқмон бинни Од аз ин сегона буд ва Луқмон бинни Яқим низ ривоят аст ва ў яҳуди муъмин буд ва аз худои таъоло умр хост чунон, ки ҳафт каркасро. Пас овоз омад, ки ҳам бибояд мурдан ва ҳоҷаташ раво гашт ва каркас панҷсад сол бимонд…»
Афсонаи дарозумрии Луқмон ҳамин тавр ба вуҷуд омадааст. Муаллифи «Китобул муъамарайн» Абуҳотами Сиҷистонӣ дар бораи Луқмон шарҳе навиштааст, ки хулосааш чунин аст: «Гўянд баъд аз Хизр умри Луқмон бинни Од аз ҳамаи халқ дарозтар буд, ў пансаду шаст сол
1 зист ва умраш баробари умри ҳафт каркас буд, ки ҳар як ҳаштод сол зистанд ва ў бозмондагони қавми Од буд…
Абўҳотам аз Абулҷания Зарир овардааст ва ў зикр мекунад, ки вай се ҳазору понсад сол зист… ва аз касоне буд, ки қавми Од ҷиҳати истисқо ба ҳарам фиристода буданд ва ўро умри ҳафт каркас ато карданд. Ў чўҷаи каркаси наре мегирифт ва дар кўҳ мепарварид, чун умри он мемурд, каркасе дигар бармегирифт ва парвариш медод, то каркаси охирин, ки бад (…) буд беш аз ҳамаи каркасҳо зист».
Аз рўи ахбори сарчашмаҳо ҳикмати Луқмон низ зоҳиран қабл аз зуҳури ислом дар байни аъроб шуҳрат доштааст.
Қуръони карим низ сурае ба номи Луқмон дорад ва суханони пурҳикмате аз номи ў нақл шудааст. Ба-дин ҷиҳат Луқмонро мардуми мусалмон чун ҳаким мешиносанд ва дар ҳикмат ба ў масал мезананд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо