МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хониши шеъру ҳикояро набояд коре саҳл донист. Хониши бадеӣ намоиши театр нест, балки шакли хоси санъати сухан аст. Бо ин усул бояд хусусияти бадеии шеър ё ҳикоя ба хонанда расонда шавад. Набояд шеърро дар вақти хондан ба наср табдил дод. Дар ин ҳол гоҳо вазни шеър қасдан шикаста мешавад. Ин усули дурўғин аст, вале мутаассифона, муаллимони мо гоҳо аз он истифода мекунанд. Амалан ду тарзи хониш вуҷуд дорад: хониши ҳунарпеша ва муаллиф.
Ҳунарпеша кўшиш мекунад, ки шеърро бо шаҳомати хос хонда, маънии онро ба шунаванда расонад. Муаллиф – шоир (нависанда) ба ҷуз маънӣ оҳанг ва вазнро ифода карда, собит месозад, ки мусиқии шеър душмани маънӣ нест, балки онро муҷассам месозад. Ин ҳарфҳо ба хонанда дахл надорад. Вале муаллими адабиёт бояд онро донад. Ў, ки сабақи адабиёт медиҳад, бояд аз масъалаҳои назарӣ огоҳ бошад. Беш аз ин ў амалан бояд дар кори худ собитқадам бошад. Дар ин сурат муваффақият ёри ў хоҳад шуд.
-
- ПАЙВАНДИ ХОНИШИ МУАССИР БО
АДАБИЁТШИНОСӢ
- ПАЙВАНДИ ХОНИШИ МУАССИР БО
Маводи танқидӣ, аз ҷумла, мақола, тақриз ва рисолаҳо баъди таҳлили матн, вақте ки хонандагон дар бораи ин ё он асар андешаи худро пайдо карданд, истифода бурда мешавад.
Вале маводи адабиётшиносӣ ва санъатшиносӣ дар ҷараёни таҳлил, бевосита дар вақти хондан ва баъзе андешаҳои мустақил дар бораи он низ истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо