Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин роҳи омўзиши асар ба хониши муассири он роҳ мекушояд.
Масалан, ҳангоми таҳлили шеъри Лоиқ Шералӣ «Ба модарам» муаллим хонандагонро бо қисмати ба ин шеър дахлдори рисолаи Гулназар «Лоиқе чун Лоиқе» шинос карда, аз мақолаи махсус ба таҳлили шеъри зикршуда бахшида ҳамон қисматҳоеро интихоб менамояд, ки дар онҳо хусусияти муҳими ин шеър тавсиф шудаанд. Махсусан, ба таҳлилҳои шоир доир ба муассирии тасвири Лоиқ, пурсадоӣ ва равониву ҳамсадоии ҳарфу мисраъҳо бояд эътибор дод.
Дар вақташ ин шеърро ҳунарманди забардаст Маҳмуди Воҳид хонда буд. Агар сабти он дастрас бошад, бояд истифода кард. Ҳамчунин, муаллим ва хонандагон онро мехонанд.
Инак, намунаи таълими ҳамин шеър дар синфи 7. Баъди ёддошти мухтасар муаллим сатрҳоеро аз китоби Гулназар мехонад:
Шеър бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медўзӣ ба сад ният, Ки рўзи тўй дида дар қади ман, бишканӣ ормон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ин пора моро аз кўчаҳои пуродаму пурмошин, аз хонаҳои ороставу гарму равшани шаҳр ба ёди манзили дурдасте мебарад, ки «домани гардун ба гирди деҳа»
бичаспида, «роҳи нияту азми ҷаҳонгардии» модарро бастааст.
Модар пир шудааст, ҳаёташ дар гуселу пешвоз зиндагӣ тай шудааст, вай ба зери болини кўдак ҳафтяк гузошта парваридааст, шоҳбозони худро ба майдонҳо, ба користонҳо, ки «ибтидои ибтидоҳост» гусел намудааст, вай танҳо барои худ заҳмат намекашад:
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ва хондани шеър шурўъ мешавад. Аввал муаллим мехонад. Баъди шарҳи таассуроти аввалин аз шеър муаллим ба хонандагон пешниҳод менамояд, ки матни шеърро ҳар кадоме барои худаш хонад.

пешина
аз 344
навбатӣ