МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Оре, корезе, ки андар назм канд,
Ҷовидон ҷорист бар нафъи башар,
Лек дар ў об не, хуни дил аст,
Лек дар ў об не, хуни ҷигар…
Интиҳои шеър моро ба ибтидои ором ва дақиқи шеър бозмеоварад.
Афзалият ва неруи чунин хондани ин шеър дар он аст, ки мазмун ва дарунмояи шеърро даркпазир месозад, шеъри воҳидро ба қисмҳо ҷудо карда, овоз дар ошкор сохтани эҳсосу андешаи шоир саҳм мегирад, ҷавҳари андешаи шоир муайян мешавад, хониши зинда ба ҷовидонагии сухан итминон медиҳад. Бо ҳамин шеъри Лоиқ Шералӣ хониши бадеӣ дар синфи 7 анҷом меёбад.
Дар синфи 8 тадлабот ба хониши бадеӣ бештар гардида, масъулият ва меъёрҳо меафзояд.Махсусан, мустақилият ва фардияти хонанда бештар фаъол гардида, бояд бе ёрии муаллим босаводона хонад, ба воситаи хондан мавзўи онро муайян намояд ва тобишҳои ҳиссияшро ифода карда тавонад.
Асарҳое, ки бо ёрии муаллим дар синф хонда ва ҳифз шудаанд, бояд аз тарафи хонанда нозукона шинохта шаванд, балки мо на фақат аз хонанда хониши бесаводона, муассир, равону фасеҳро низ тақозо дорем. Хонандаи синфи 7 бояд, ки насру назми ахлоқӣ, достонҳои таърихӣ, тазкираҳо, қасидаву ғазал ва қиссаҳоро хонда, ба воситаи хондан махсусияти жанрҳоро таъйин кунад. Дар доираи асари хондааш андеша ва ғояи адибро гуфта тавонад. Хондан бояд мутобиқи нақша сурат гирад. Дар тамоми ҷараёни хониш – аз синфи 5 то 7 ба хонанда малакаи нақл карданро омўзонда, такмил додан лозим аст.
Дар охир бояд гуфт, ки хониши бадеии муассир бо ҳама ғановат бояд оддӣ бошад. Эҳсоси табиии ғазаб, ҳайрат, шодӣ дар ҳамон шакле, ки мо онро дар зиндагӣ ифода мекунем, дар вақти хондани шеъру ҳикоя ҷоиз нест. Хониши ором ва ботааннӣ маҳаки кор аст. Андўҳи Лоиқро ҳангоми хондани шеъри «Забонгумкарда» ифода кардан лозим аст, вале на бо доду фарёд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо