МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданШеърро аввал муаллим хонда, матнро шарҳ ва тобишҳои ҳиссӣ ва ғоявии онро нишон медиҳад. Мавзўъ ва мазмуни таҳтонии онро баъди хондан баён менамояд. Шогирдон аз пайи устод матнро мехонанд ва ба саволи «Мавзўи шеъри шоир чист?» гуфтугў миёни муаллим ва хонандагон ба тариқи зайл идома меёбад:
- Ҷовидонагии номи суханвар.
-Дар кадом пораи шеър дар ин бора сухан меравад?
-Орзуи шоир аз навиштани «Шоҳнома» чӣ буд?
Сатрҳоеро, ки орзуи Фирдавсиро ифода мекунанд, ҷудо мекунем. Тасвири Фирдавсиро дар синф гузошта байтҳоеро, ки ҷовидонагии кор ва номи шоирро таъкид намудаанд, ҷудо менамоем.
Ин гуфтугў мавзўъ ва нақшаи шеърро муайян мекунад.
Даромад 1.Замони дар шеър тасвиршуда 2.Симои Фирдавсӣ Қисми асосӣ 3. Орзуи шоир 4.Корези Фирдавсӣ 5.Марги орзуи шоир 6. Корези назм 7. Замон ва макони эҷоди шеър.
Хулоса
Нақшаро тартиб дода, шарҳ медиҳем, ки ҳар қисм чӣ тобише дорад. Муносибати шоир ба мавзўи тасвир кардааш чӣ гуна аст? Оғози шеър даромади роҳкушост. Қитъаи дуюм афзоиши лаҳн ва нирўи таъкиди мантиқиро собит мекунад.
Қитъаи сеюм, махсусан, мисраи «Лек на Маҳмуд инъомаш бидод» садоро баландтар ва таъкидро меафзояд. Дар қитъаи чорум лаҳн нарм шуда, оҳанги нафрат қувват мегирад: «Орзуи шоир андар дил бимурд…» Дар қитъаи панҷум аз нав лаҳн қувват мегирад ва ба ҷовидонагии кори неку номи нек итминон медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо