Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хониши бадеии муассири хонанда ҷараёни таҳлилиро фаро гирифта, таҳлилро ҷамъбаст менамояд, фаҳмиш ва шарҳи асари бадеиро амалӣ месозад. Барои чӣ шеъри «Ҳар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд»-и Рўдакиро бояд бо тантана оҳиста ва бо овози хушоҳанг хонд? Барои он ки шеъри лирикӣ ва ғояи он зиндагисоз буда, нусхае аз зиндагии ормонист. Агар синф оҳанги шеърро дарёбад, бигзоред, хонандагон бо нармӣ мисраъҳои дигарро якҷоя хонанд.
Барои он ки хонандагон хондани муассирро ёд гиранд, нафақат тарзи истифодаи овозро ёд додан лозим аст, балки онҳоро ташвиқ бояд намуд, ки дар вақти хондан ба мазмуни он низ диққат диҳанд.
Хонандагон аз ин машқи хондан бояд фаҳманд, ки хониши муассир тобеъ сохтани овози худ ба ғоя ва мавзўи асар мебошад. Масалан, порае аз достони Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» дар синф хонда ва баррасӣ мешавад.
Хонандагон пас аз хондани қисматҳои «Интизорӣ» ва «Мулоқоти якум» аз нияти шоир огоҳ мешаванд. Яъне зоҳиран чунин менамояд, ки шоир фақат дидори устод Айниро интизор аст. Вале маълум мешавад, ки ин нияти шоир рамзӣ буда, ғояи достон таҳаввулоти маънавии ҷомеаи онрўзаи тоҷиконро нишон медиҳад. Хонандагон асарро хонда, матнро таҳлил карда ва ба саволҳо ҷавоб дода, аз моҳияти фикри бадеии нависанда комилан огоҳ мешаванд.
Он вақт муаллим ба хондан гузашта мепурсад, ки мақсад аз ин хондан чист. Бачаҳо ҷавоб хоҳанд дод: -Мо бояд мундариҷаи пораҳои достонро ифода карда, маънӣ ва кайфияти шоирро фаро гирем.
Дар пораҳои зикршудаи достони Мирзо Турсунзода муносибати шоирро ба воқеият бояд ошкор сохт: ифтихор аз Ватан ва пешрафти он:
Писарро пешкаш кардам Ватанро, Диёри дилписанди хештанро.
Замини сабзранги тоҷиконро, Садои рўдҳои зарфишонро.

пешина
аз 344
навбатӣ