Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар муаллим шеър ё пораи насрии дарси навро аз ёд хонда, баъд ба таҳлили он шурўъ намояд, ин ба бачаҳо таъсири бисёр ҳам муфид мегузорад. Агар муаллим худаш ибрат нишон диҳад, он вақт хонандагон шарм медоранд, ки шеърро аз ёд накунанд. Тасаввур кунед, муаллим вориди синф шуд. Баъди санҷидани синф ва суҳбати раҳнамо ашъори Рўдакиро бо камоли ҳунар, бо овози равшан, бо риояи низоми иншоди шеър бо эҳсос, буррову таъсирбахш хонд. Вақте ў бар мисраи «Ҳар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд» таъкид гузошта, ҳамаи шеърро аз ёд мехонад, синфро чӣ ҳоле фаро мегирад? Хонандагон зери таъсири чӣ таассуроте қарор хоҳанд гирифт? Бигзор, тайёрӣ ва гузаронидани ин дарс душвор бошад, вале барои шавқи хонандагонро афзудан онро ба савияи баланд бояд гузаронд.
Намунаи дигари ин матолиб ҳангоми қироати қитъа аз сароғози «Гулистон»- и Саъдии Шерозӣ ин талабот пурра равшан мегардад:

Гили хушбўй дар ҳаммом рўзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ў гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бўи диловези ту мастам.
Бигуфто: Ман гили ночиз будам,
Муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
В-агарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Ҳамин тариқ, аввалан ба талаффузи бурро, фасеҳ, зинда ва ба содагии нутқ ҳамарўза эътибор бояд дод, сониян низоми дарсҳоеро, ки ба хониши бадеии муассири шеър, наср, сухангўии дастҷамъии синф ва нақли насри бадеӣ бахшида шудаанд, зери назар дошт.
Хониши бадеии муассири муаллим одатан пеш аз таҳлил шурўъ шуда, барои дарки мундариҷаи асар гиреҳкушост.

пешина
аз 344
навбатӣ