МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дарси хониши муассир бояд дарси хоси синфҳои 5-7 бошад. Дар ин дарс муаллим ба тарзи хониши хонандагон, талаффуз, оҳанг ва сукути онҳо назорат мекунад. Камбудиҳо дар талаффузи калимаҳо ислоҳ карда мешаванд.
Тафовутҳое, ки ҳангоми талаффузи калимаҳо ба назар мерасанд, шарҳ дода мешаванд. Ин гуна тафовутҳо дар қиёс бо лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ хеле зиёданд ва агар муаллим ин масъаларо сарфи назар кунад, хониши бадеӣ арзишманд намешавад. Махсусан, ки дар ин замина миёни гўйиши минтақаҳои Тоҷикистон тафовути ҷиддие ба назар мерасад.
Кор аз болои савтиёти забони тоҷикӣ душвориҳои хос дорад. Бар асари ивазшавии хат ва тағйири имло савтиёти баъзе калимаҳо зиён дидааст. Бинобар ин, дар ин маврид истифода аз луғатҳои тафсирӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамаи ҷавобҳо, иқтибос аз шеър ё пораи насрӣ бояд аз рўи савтиёт саҳеҳ бошанд. Дар ин маврид муаллим метавонад бигўяд: Саросема нашав, баланд, бурро ва фасеҳ талаффуз кун. Канӣ, бори дигар такрор кун, чунон талаффуз намо, ки ҳама туро шунаванд ва фаҳманд.
Ҳар он чизеро, ки метавон аз ёд гуфт, бояд хонандагон (албатта, муаллим низ) бе китоб гўянд, зеро нутқи даҳонӣ табиӣ, зинда, фасеҳ аст, бинобар ин, муассир низ мебошад.
Хонанда иқтибос оварда, онро бекитоб такрор мекунад.
Барои буррову фасеҳ шудани гуфтор ва оҳанги зиндаи баён истифода аз чистон ва зарбулмасалу мақолҳо судманд мебошад.
Гуфтори худи муаллим, тарзи суханрониаш, алфози буррову фасеҳ, тарзи қироати шеър, нақли ў барои хонандагон мисоли ибратбахш мебошад. Бинобар ин ҳам, омўзгор бояд буррову таъсирбахш возеҳу зинда, эҳсосолуд, на бо асабоният ва истифода аз ҳаракатҳои берабт сухан гўяд. Ҳамин ки имконият фаро расид, ў бояд аз ёд шеър хонад, ба хонандагон барои аз ёд кардан шеър ё пораи насрӣ супурда, худашро набояд аз ин масъулият озод кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо