Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо роҳи таҳлили ҳамаи пораҳои зикршуда, хондани муаллим ва ниҳоят, хонандагон моҳияти ғоявию ҳиссии асар ошкор карда мешавад. Бояд гуфт, ки на ҳар хонанда метавонад, ки тобиши маънавии калимаву мисраву байтҳои асарро дарёбад ва онро ба воситаи овозаш ифода кунад. Барои ин машқ кардан лозим аст. Дар ҳолатҳое, ки хонанда барои дарёфти тобиши маънавии асар душворӣ мекашад, муаллим бояд ба ў ёрӣ расонад, хатои ўро ислоҳ ва худаш ўро ба усули дурусти хондан раҳнамоӣ кунад. Ва ин се байтро муаллим бо ёрии хонандагон мехонад. Дар вақти хондан тобиши маънӣ бояд дар ифодаҳои овозӣ инъикос ёбад; яъне эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ бояд дар оҳанги хондани хонандагон эҳсос шавад:
Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст, Ба модар з-аввалин соат шинос аст.
Чӣ сон нашносад овози дилашро, Давоми умр, парвози дилашро.
Ба модар нури чашмон аст фарзанд, Давонда реша дар ҷон аст фарзанд.
Хонанда дар вақти хондан бояд эҳсос кунад, ки ба ҷуз мазмуни зоҳирӣ дар хилоли сатрҳои шеър эҳсос ва андешаи шоир-қаҳрамони шеър нуҳуфтааст. Ин эҳсосу андешаро ба воситаи хониши муассир метавон ифода намуд. Ин сатрҳо ифодагари ҷаҳони маънавии касест, ки зиндагиро, фарзандро, ватанро дўст медорад ва дар андешаи имрўзу фардои вай аст.
Вақте ки мо дар бораи хониши муассири бадеӣ сухан меронем, ҳамчунин, бояд дар бораи имконият ва воситаҳои овозӣ низ ҳарф зад. Санъати сухан гуфтан ё худ хониши бадеӣ ҳарфи чопиро овоз додан, зинда кардан ва ба он ҷомаи маънӣ ва ҳис пўшонидан аст. Мо аллакай ишора кардем, ки вазифаи аввалини муаллим талқини дарунмояи асар, мавзўъ, ашёи тасвир ва муҳимтар аз ин, ошкор сохтани муносибати муаллиф ба мабдаи тасвир мебошад. Ин мабдаъ метавонад ҷисмӣ бошад ва ё зеҳнӣ бошад. Ба ҳар ҳол, ба воситаи ин гуна усули тасвир мо муносибати адибро ба ғазаб, ҳайрат, тамасхур, оромиш, шодӣ, ғам, масхара, ваҷд ва ғайра дарк мекунем. Ба ҳар ҳол ба ҷуз ин муаллим бояд ба он эътибор диҳад, ки хонанда диққаташро аз алфоз, маънии он, ҷумла ва таркиби наҳвии он, сатр ва тақтеи овозии он дур насозад.

пешина
аз 344
навбатӣ